Бо мақсади мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ, 6 октябри соли 2022 дар гузаргоҳи гумрукии “Фотеҳобод”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба истифода додани детекторҳои муосири ҳастаӣ ва радиатсионӣ доир шуд.
Дар маросими кушодашавӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, директори Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ Илҳом Мирсаидзода, Франк Роуз муовини аввали Барномаи миллии амнияти ҳастаии ИМА ва Департаменти энергетика ба ҳайси ҳамоҳангсози миллӣ ширкат варзиданд.
Таҷҳизотҳои мазкур дар гузаргоҳҳои гумрукии “Дӯстӣ”, “Панҷи поён”, “Гулистон”, “Саразм” ва фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе низ насб гардидааст, ки дар доираи амалисозии тарҳи мазкур вориди Тоҷикистон гардидаанд.
Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик корҳои насбсозии детекторҳои ҳастаӣ ва радиатсионӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ҳам ба итмом бирасад.
Дар доираи лоиҳаи дар боло зикршуда таъмини таҷҳизоти дастӣ барои ҷилавгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии маводи атомӣ ва радиоактивӣ, инчунин омӯзиши истифодаи таҷҳизотҳо барои кормандони мақомоти гумрук ба нақша гирифта шудааст.
Насби чунин таҷҳизотҳо солҳои наздик дар дигар гузаргоҳҳои гумрукӣ ва фурудгоҳҳо дар назар аст. Инчунин насб намудани таҷҳизот ва техникаҳои махсус дар сарҳад бо Афғонистон ва дигар “долонҳои сабз” низ дар доираи тарҳ пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мешавем, ки детекторҳои муосири ҳастаӣ ва радиатсионӣ дар доираи татбиқи нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба қатъномаи 1540 – уми Шӯрои Амнияти Созмони миллали муттаҳид, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2015 тасдиқ гардидааст, таъсис дода шудаанд.