Бозингарони дастаи «Хадамоти гумрук» дар даври сеюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФ «Истиқлол» - 2022 дар гурӯҳҳои «А» ва «Б» санаи 2 октябри соли 2022 бо дастаи “Кумитаи Андоз” рақобат намуда бо ҳисоби 3:0 ғолиб баромад.
Натиҷаҳои вохуриҳои даври сеюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФ «Истиқлол» дар гуруҳҳои «А» ва «Б»
Маврид ба ёдоварист, ки санаи 26 сентябри соли 2022, дар бози аввали даври гурӯҳии Ҷоми «Истиқлол» - 2022 дастаи футболи «Хадамоти гумрук» бар дастаи футболи «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе» бо ҳисоби 4:3 ғалаба карада, санаи 29 сентябр соли 2022 бошад, дастаи «Хадамоти гумрук» бо дастаи «Саноатсодиротбонк» низ рақобат намуда бо ҳисоби 4:0 ғолиб баромад.
Натиҷаҳои вохуриҳои даври сеюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФ «Истиқлол» дар гуруҳҳои «С» ва «Г»
Боз ҳам хотиррасон мешавем, ки бозии навбатии миёни дастаҳои футболи «Хадамоти гумрук» ва «Ориёнбонк» санаи 8 октябри соли 2022, соати 18-00 дар майдончаҳои хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд.
Ҷадвали ҷойгиршавии дастаҳои гуруҳи «А»
Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд доир гашт. Футболбозони дастаи «Хадамоти гумрук» ҳамаи голҳоро бо як маҳорати баланд ба нишон расониданд. Шарифов Беҳзод Файзуллоевич се гол, Алиев Тоҷиддин се гол, Сулаймонов Абдурасул Каримович як гол ва Ҷураев Юсуф як гол ба нишон расониданд.
Дар ҳайати дастаи «Хадамоти гумрук» Абдуллоев Мирмуҳаммад Миршакарович, Абдуллоев Исматулло Асатуллоевич, Шарифов Беҳзод Файзуллоевич, Иброҳимов Баҳром, Навҷувонов Далер, Сулаймонов Абдурасул Каримович, Сахоев Асомиддин, Алиев Парвизҷон Сироҷиддинович, Саидов Дилҷу, Алиев Тоҷиддин, Ҷураев Юсуф, Муҳаммадиев Хуршед, Шокиров Фирдавс Шодиқулович, Амиров Зоирҷон Савзалиевич, Ҳасанов Тимур Луфуллоевич ва сармурабии даста Исозода Исо дохил мешаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон