Print

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 31 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 382

Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Санаи 7 сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, генерал-майори хадамоти гумрук Абдуқодирзода Ҷамшед Комил ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳайати шахсии раёсатро барои иштирок дар ин ҷаласа хайрамақдам намуд.

Зимни суханронӣ Абдуқодирзода Ҷ. иброз намуд, ки соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ қадамҳои устувор гузошт.

Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари сулҳхоҳ аст ва моро зарур аст, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол ҳамеша омода бошем. Зеро таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад ва ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвор аст. Таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи манфиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи якпорчагии он самти афзалятноки фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.

Сипас, дар асоси фармоишҳои Сардори Хадамоти гумрук, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо медали ҷашнии «30-солагии мақомоти гумрук», медали ҷашнии “25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда” «Ифтихорнома», «Раҳматнома», рутбаҳои махсуси навбатии хадамоти гумрук ва бо дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Абдуқодирзода Ҷамшед Комил, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва Ризоев Зафархон Саъдуллоевич, муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе рутбаи навбатии махсуси “генерал-майори хадамоти гумрук”, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, Ҷамшед Абдуқодирзода бори дигар кормандони раёсатро ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуда, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар кору пайкори ояндаашон муваффақиятҳо таманно намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон