ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи минтақавии Барномаи “Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ”

Рақамсозӣ ҷаҳонро ба ҳадде хурд кардааст, ки марзбонони Осиёи Марказӣ тавонистанд дар як рӯз бидуни тарки курсии худ аз Гурҷистон ва Латвия дидан кунанд.

 

Рӯзи 20 июни соли 2022 дар чаҳорчӯби ҷаласаи минтақавии Барномаи “Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври виртуалӣ аз фаъолият ва таҷрибаи мақомотҳои гумруки Ҷумҳурии Гурҷистон ва Латвия шиносоӣ пайдо намоем. Дар саёҳати омӯзишии виртуалӣ, масъалаҳои ҳамкориҳои дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ, расмиёти воридот, содирот ва транзит дар сарҳад, низоми идоракунии хавфҳо, минтақаҳои барасмиятдарории гумрукӣ, ҳолати ҳозира ва дурнамои рушди мақомоти назоратии дар сарҳад фаъолияткунанда ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар чорабинии мазкур асосан намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар сатҳи кормандони мақомотҳои гумрук, нақлиёт, иқтисоду савдо, бехатарии озуқаворӣ ва ғайра, ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ иштирок доштанд.

Инчунин, бо мақсади шиносоӣ намудан бо фаъолияти мақомоти гумрук дар Ҷумҳурии Гурҷистон ва Латвия намояндагони мақомоти гумруки ин ду кишвари мазкур низ, иштирок доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷаласа имконият фароҳамовард, ки иштирок дорони он аз таҷрибаи пешрафта дар самти содагардонии расмиёти савдо, пешбурди робитаҳои байниидоравӣ ва фаромарзӣ, бароҳмонии муколама байни мақомоти давлативу бахши хусусӣ ва ғайра баҳравар гаранд.

Дар ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳои нақши ҳамкориҳо дар содагардонии расмиёти савдо, нақши кумитаи Созмони умумиҷаҳонии савдо дар содагардонии расмиёти савдо, қавигардонии ҳамкориҳои давлатӣ - хусусӣ дар самти содагардонии расмиёти савдо, иштироки занон дар содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Миёна, ҳамкориҳои мақомоти назоратии дар сарҳад фаъолияткунанда, ҳолати кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои мақомоти назоратии дар сарҳад фаъолияткунанда ва ғайра муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон бояд кайд намуд, ки дар ҳошияи ин чорабинӣ, рӯзҳои 22-23 июни соли 2022 Форуми Осиёи Марказӣ таҳти мавзӯи “Иштироки занон дар соҳаи савдо” ҳамчун нишасти алоҳида низ баргузор гардид.

Дар рафти нишасти минтақавӣ, аз ҷониби намояндаи Тоҷикистон, Муовини сардори Раёсати таъмини ҳуқуқӣ, полковники хадамоти гумрук, Ҳакимова М.Х. дар мавзӯи “Ҳолати кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои байниидоравии мақомоти назоратии дар сарҳад фаъолияткунанда” баромад (презентатсия) ироа карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа ҳамчунин, нозири калони Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ – лейтенанти калони хадамоти гумрук Раҳимзода Закиюллоҳ Изатулло ва намояндагӣ аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмиллалии Олмон (GIZ) иштирок намуданд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: