ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ташрифи намояндагони Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ БОМКА-10 ба Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук

29 - 30 июни соли 2022 дар Донишкадаи такмили ихтисос миссияи техникӣ барои татбиқи консепсияи таълимии фосилавӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

 

Ҳадафи асосии чорабинии мазкур таҳияи тавсияҳо ва ҳалли техникии татбиқи консепсияи таълими фосилавӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук маҳсуб меёбад.

Дар чорабинӣ намоянгони Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ БОМКА-10, коршиноси технологияҳои иттилоотӣ, мудири шуъбаи технологияҳои иттилоотии Мактаби тиҷоратии Ригаи Донишгоҳи техникии Рига ҷаноби Илия Афанасиев, коршиноси ташкили таълим, дотсенти Институти тиҷорати байналмилалӣ ва гумруки Донишгоҳи техникии Рига ҷаноби Нормундс Рудзитис, намояндагони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, Маъмурияти СИАЯ –и Хадамоти гумрук, кормандони Донишкадаи такмили ихтисос ва собиқадорони гумрук иштирок намуданд.

Сардори Донишкада Амириён Ё.О. чорабинии мазкурро оғоз бахшида, аз ҳамкории судманди Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ БОМКА-10 бо Донишкада такмили ихтисос изҳори қаноатмандӣ намуд.

Баъдан тибқи барномаи тасдиқгардида сухан ба сардори кафедраи “Иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фанҳои махсус”-и Донишкадаи такмили ихтисос Ҳалимов Ф.А. дода шуд, ки номбурда ба иштирокчиён рунамо (презентатция) Донишкадаи такмили ихтисосро, ки он тамоми самтҳои фаъолият ва зиминаҳои моддиву техникии Донишкадаро фарро мегирифт, пешкаш намуд.

Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба таълимоти фосилавӣ фикру ақидаҳо иброз карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки аз ҷониби кормандони Донишкада ҳаммоишӣ воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва муаррифии онҳо ба меҳмонон ва иштирокчиён пешкаш гардида, инчунин иштирокчиён аз утоқҳои корӣ, синфхонаҳои дарсгузарӣ ва компютерӣ, минтақаҳои назорати гумрукии фурудгоҳ, автомобилӣ ва ҳавопаймои таълимии Донишкада боздид намуданд.

Дар рӯзи дуюми чорабини бошад, меҳмонон аз имконятҳои техникии Маъмурияти СИАЯ – и Хадамоти гумрук боздид намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷониби Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ БОМКА-10 омодагии худро ҷиҳати кӯмакҳои техникӣ барои ташкил намудани таълими фосилавӣ дар Донишкада изҳор намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: