Бо дарназардошти ҳолати кунунии минтақа, барои пешгирии омилҳои ғайриқонунии гардиши маводи мухаддир, пеш аз ҳама баланд бардоштани неруи инсонӣ зарурати таъмин намудани кормандони масъул бо лавозимоти муосири корӣ, аз ҷумла мукаммалгардонидани соҳаи кинологӣ ба миён омадааст, ки дар робита ба ин, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёр ва бозомӯзии кадрҳо дар самти кинология таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, омӯзишӣ мутахассисони соҳаи кинологияро дар дохил ва берун аз он роҳандозӣ карда истодааст.
Аз 13 июн то 2 июли соли 2022 дар заминаи Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ навбатӣ дар самти фаъолияти кинологӣ барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуд.
Тибқи фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2022, №85-ф “Оид ба гузаронидани курси омӯзишӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони Хадамоти гумрук дар самти кинологӣ фаъолияткунанда ба роҳ монда шуд.
Дар курси мазкур кормандон аз раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Машғулиятҳо аз тарафи устодони Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби кормандони масъули Раёсатҳои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, ки аз рӯйи Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Хадамоти гумрук ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 гузаронида шуда, ташкили раванди таълим аз ҷониби Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, доимо аз раванди омӯзиш, диданд менамоянд.
Санаи 04 июли соли 2022 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники - хадамоти гумрук, Исозода Исо ва сардори Раёсати оперативӣ - ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Маҷидзода Ҳотам Саидмахсум аз раванди омӯзиш дар маркази кинологии Агентӣ, шароити буду боши кормандон ва нигоҳубини сагҳои хизматии Хадамоти гумрук диданд намуданд.
Ҳамчунин, дар саҳни ҳавлии Маркази кинологии Агентӣ чорабинии амалӣ оид ба натиҷаи омӯзиш баргузор гардид.
Дар фарҷоми курси омӯзишӣ ба кормандони мақомоти гумрук “Сертификат” тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ ин омода намудани нозирон-кинологҳои Хадамоти гумрук ва сагҳои хизматии онҳо мебошад, ки барои фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо нақши муҳим мебозад ва масъулини Хадамоти гумрук аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, роҷеъ ба ин самт якчанд вохӯрию мулоқотҳо низ анҷон додаанд.
Аз ҷумла, соли 2021 беш аз 15 нафар кинологон аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон донишу малакаи касбии хешро мукаммал гардонида, 12 марти соли 2022 зимни мулоқоти муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат Иззатулло Ҳурматзода бо муовини Сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон Уткирҷон Қодиров ва намояндагони Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки кишвари ҳамсоя, густариши ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид.
Намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Узбекистон барои фаро гирифтани кинологони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил додани донишу малакаи касбӣ дар Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон изҳор намуда ба кормандони масъули Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон 10 саги кинологӣ супорида шуд.
Ҳамчунин, 20 июни соли 2022 мутахассисони Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ, дар чаҳорчӯби барномаи “Пурзӯр намудани амалиётҳои зиддимухаддиротӣ тавассути амалияи кинологӣ дар кишварҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон” ба мақомоти гумрук ташриф оварданд, ки мақсад аз сафари мутахассиси хориҷӣ вобаста ба дидан намудан аз самти хизмати кинологӣ, шинос шудан бо фаъолияти марбута дар мақомоти гумрук, арзёбии самти мазкур ва ба нақша гирифтани корҳои минбаъда баҳри вусъат бахшидани сатҳи хизмати кинологӣ дар Хадамоти гумрук мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон