Print

Cафари коршиносони UNODC ба мақомоти гумрук

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 193

20 июни соли 2022 мутахассисони Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ, дар чаҳорчӯби барномаи “Пурзӯр намудани амалиётҳои зиддимухаддиротӣ тавассути амалияи кинологӣ дар кишварҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон” ба мақомоти гумрук ташриф оварданд.

 

Мақсад аз сафари мутахассиси хориҷӣ вобаста ба дидан намудан аз самти хизмати кинологӣ, шинос шудан бо фаъолияти марбута дар мақомоти гумрук, арзёбии самти мазкур ва ба нақша гирифтани корҳои минбаъда баҳри вусъат бахшидани сатҳи хизмати кинологӣ дар Хадамоти гумрук мебошад.

Масъулини Хадамоти гумрук оид ба самти хизмати кинологӣ зимни аз назаргузаронии минтақаи кинологӣ тазаккур доданд, ки бо дарназардошти ҳолати кунунии минтақа, барои пешгирии омилҳои ғайриқонунии гардиши маводи мухаддир, пеш аз ҳама баланд бардоштани неруи инсонӣ зарурати таъмин намудани кормандони масъул бо лавозимоти муосири корӣ, аз ҷумла мукаммалгардонидани бахши кинологӣ ба миён омадааст, ки дар робита ба ин, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёр ва бозомӯзии кадрҳо дар самти кинология таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, омӯзишӣ мутахассисони соҳаи кинологияро дар дохил ва берун аз он роҳандозӣ кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2021 беш аз 15 нафар кинологон аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон донишу малакаи касбии хешро мукаммал гардониданд.

Ҳамчунин, аз 3 то 14 майи соли 2022 дар заминаи Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ дар самти фаъолияти кинологӣ барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуд.

Дар курси мазкур кормандон аз раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода ва шаҳри Душанбе бо сагҳои хизматии худ иштирок намуданд.

Машғулиятҳо аз тарафи устодони Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби кормандони масъули Раёсатҳои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, ки аз рӯйи Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Хадамоти гумрук ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 гузаронида шуданд.

Мақсад аз ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ ин омода намудани нозирон-кинологҳои Хадамоти гумрук ва сагҳои хизматии онҳо мебошад, ки барои фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо нақши муҳимро мебозад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон