ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дастаи футболи Хадамоти гумрук барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мубориза мебарад

Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» аз 24 майи соли 2022 бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон, то 27 июни соли равон идома меёбад.

 

Дар ин мусобика дастаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи «Б» бо дастаҳои Гвардияи миллӣ, ТВ “Ҷаҳоннамо”, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносиӣ бозиҳои худро баргузор намуда, айни ҳол ғолиби чор бозӣ гурӯҳи буда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, солимгардонии аҳолӣ ва рушду варзиши намуди футбол, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 24 май то 27 июни соли 2022 мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи худро барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” байни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор намуда истодааст.

Раиси шаҳр бо ин қарор ҳамчунин масъулинро муваззаф гардонидааст, ки дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, Федератсияҳои футболи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби дастаҳои футболи кормандони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани мусобиқаи мазкур шароити мусоид фароҳам оранд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: