Print

Кумаки хайриявии Раёсати минтакавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе

Аз gumruktjtjtj Қисмат: Хабарҳо Hits: 585

Бо сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шуда, аз тарафи давлату Ҳукумат барои дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, Раёсати минтакавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе баҳри беҳбудии вазъи иҷтимоии тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони соховатманди Раёсат ба маблағи 30150 сомонӣ толори мусиқии муассиса, ки зиёда аз 100 метри мураббаъ солҳои тӯлонӣ ба таъмир ниёз дошт, дар муддати як моҳ бо тарҳи нави меъморӣ ва бо сифати баланди сохтмонӣ, ҷавобгӯ ба талаботи меъёрии ҷаҳонӣ аз таъмир бароварда шуда, дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба истифода дода шуд.

Дар арафаи ҷашн, баҳри болидахотирии кӯдакони муассиса, рохбарияти Раёсат иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти чорабинӣ, аз ҷониби роҳбарият ва тарбиятгирандагони муассиса сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби кӯдакон сохташуда (расми зебоии табиат), ба роҳбарияти Раёсат тақдим карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нафароне, ки бо ҳукми тақдир маъюбу дастнигаранд, бо ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифта шудаанд ва дар арафаи ҷашну идҳо аёдат карда мешаванд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон