Дар доираи татбиқи амалии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самарабахши захираҳои об аз санаи 15 май то 10 июни соли ҷорӣ Марафони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 - 2028” ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 бо иштироки ташаббускори Марафони глобалӣ дар қисмати Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ – Мина Гули дар ҳудуди Тоҷикистон доир шуда истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар доираи барномаи баргузории Марафони Конфронси дуюми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028” ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 ва чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи олимпӣ” санаи 4 июни солӣ ҷорӣ, дар шаҳри Душанбе баргузории дави байналмилалии “Об барои рушди устувор” баргузор гардид.
Дар дави байналмилалии “Об барои рушди устувор” аз тамоми кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии пойтахт даъват гардида буданд. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди варзишӣ кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Баргузории дави марафонӣ барои ширкаткунандагони конфронс фурсати хуб буда, ҷузъи маъракаи ҷаҳонӣ гардиданд. Иштирокчиён тавонистанд марафони пурра (42,2 км) ё масофаи рамзии 6 км бахшида ба Ҳадафҳои рушди устувор-6-ро тай намоянд.
Марафон ба масофаи 42,2 километр 4 июн, соати 3:00 аз назди меҳмонхонаи «Сароб» дар осоишгоҳи Хоҷа Обигарм ва қисми рамзии масофаи 6 километр аз дарвозаи шимолии боғи нави «Истиқлол» -и пойтахт соати 09:00 (кӯчаи Саид Носиров, 27) оғоз ёфт. Иштирокчиён тавонистанд, ки ба марафон ҳам аз аввал — соати 03:00-и рӯз ва ҳам ба масофаи охирини 6 километр — соати 09:00 ҳамроҳ гарданд. Ин марафон дар назди шаршараи бузурги боғи Наврӯзгоҳ ба анҷом расид.
Инчунин дави дуюми Марафони ҷаҳонӣ 9 июн, соати 05:00 дар назди меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe»-и шаҳри Душанбе шурӯъ гардида, баъди тай кардани 42,2 километр масофа ба самти Ваҳдат хотима меёбад. Иштироккунандагони конфронс дар давидан ҳам ба масофаи 6 километр ва ҳам ба масофаи 42,2 километр иштирок карда метавонанд. Натиҷаҳои марафонҳо дар Конфронси дуюми Душанбе ва инчунин Конфронси СММ оид ба захираҳои об моҳи марти соли 2023 муаррифӣ хоҳанд шуд.
Тавре маълум аст, марафони ҷаҳонии об RUN BLUE 22 март дар Рӯзи байналмилалии об дар Австралия оғоз ёфт. RUN BLUE 200 марафонро дар саросари ҷаҳон дар бар мегирад, ки беш аз 200 миллион нафарро ҷалб мекунад ва 22 марти соли 2023 қабл аз Конфронси СММ дар Ню- Йорк ба охир мерасад.
Ҳадаф аз баргузории марафонҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи рӯзафзуни об, даъват ба амал, сафарбар намудани саъю кӯшиш барои ноил шудан ба тағйироти воқеӣ дар Замин ва пешбурди Даҳсолаи байналмилалии амал ва Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 мебошад.
Марафонҳо аз ҷониби фаъол ва даванда Мино Гулӣ созмон дода шуда, аз ҷониби бисёр шарикон, аз ҷумла ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Нидерландия ҳамчун ҳамраисони конфронс дастгирӣ мешаванд. Бахши Осиёи Миёнаи RUN BLUE 10 май дар шаҳри Мӯйноқи Ҷумҳурии Узбекистон оғоз шуда, 10 июн дар Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ба охир мерасад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон марафон 16 май оғоз гардида, тибқи барнома дар ҳудуди 11 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили 11 дав ба масофаи умумии 464 км (ҳар як дав 42,2 км) ба нақша гирифта шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон