Print

Ҷаласаи ҳафтуми минтақавии солона оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо ба итмом расид

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 240

Тавре қаблан хабар дода будем, 25 майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Hilton - и шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми солонаи байниминтақавӣ дар доираи Барномаи глобалии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо ба кори худ оғоз бахшид. Ҷаласа давоми ду рӯз идома ёфта, имрӯз хотима ёфт.

 

Тоҷикистон ин навбат мизбони чорабинӣ буда, дар кори он кормандони мақомоти гумрук аз 7 кишвари дунё, аз қабили Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷ, созмонҳои шарики байналмилалӣ ва ҷомеаи донорӣ ширкат варзиданд. Дар баробари намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои салоҳиятдори кишварҳои хориҷ, инчунин муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хуршед Шерализода ва роҳбарону кормандони раёсатҳои масъули мақомоти гумрук ширкатдорони чорабинӣ буданд.

Дар ҷаласаи ҳафтуми минтақавии солона оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо, афзалияту имтиёзҳо ва мушкилоти соҳаи назорати ҳамлу нақли бор/контейнер, пешбурди принсипҳои якпорчагӣ дар соҳаи гумрук, таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни мақомотҳои гумруки мамлакатҳои аъзои минтақа бо мақсади муайян намудани борҳои хавфнок дар шароити вазъияти ҳозира мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳар яке аз иштирокдорон вобаста ба мушкилоти соҳа ва бурду бохти он, аз ҷумла пешгирии борҳои хавфнок суханронӣ ва изҳори андеша намуданд. Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода низ суханронӣ намуда, афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2014 ба татбиқи Барномаи глобалии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо ҳамроҳ шудааст, ки муҳлати иҷрои он то моҳи декабри соли 2025-ро дар бар мегирад.

«Соли 2014, ба хотири амалисозии Барномаи мазкур аз ҷониби Хадамоти гумрук дидбонгоҳҳои гумрукиии «Панҷи Поён» ва «Душанбе-2» интихоб шуда, соли 2019 идораҳои минтақавии гумрукии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд ба Барнома ҷалб гардиданд. Гурӯҳҳои назоратии бандарӣ таъсис дода шуд, ки айни ҳол 20 нафар корманд шомили гурӯҳҳои мазкур мебошанд. Маҳз бо дастгирии барномаи номбурда ба хотири беҳтар анҷом додани корҳо дар ин самт, барои ин гурӯҳҳо утоқҳои корӣ ҷудо карда шуда, таъмири замонавӣ карда шудаанд. Утоқҳои мазкур бо таҷҳизотҳои зарӯрии техникӣ ва мебелҳои сифаташон олӣ муҷаҳҳаз гардидаанд», - иброз дошт, А.Турсунзода.

Маҳз дар доираи ин барнома ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизотҳои техникие ворид гардидаанд, ки дар ошкор намудани моддаҳои нашъадор ва прекурсорҳои онҳо кумак мерасонанд. Детектори сайёри «HazMatiD-3bO» барои муайян намудани моддаҳои кимиёвӣ ва прекурсорҳои онҳо ва "TrueNarc" таҷҳизоти сайёр барои таҳлили маводи мусодирашуда аз ҷумлаи маҷмӯи воридшуда мебошанд.

Ҳамчунин, кормандони мақомоти гумрук ба семинарҳои омӯзишие, ки дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҷониби барномаи мазкур ба роҳ монда шуда буд, даъват гардида, савияи дониши худро дар самти муайян намудани хавфҳо, азназаргузаронии борҳои тавассути контейнеру мошинҳои боркаш интиқолшаванд ва муқовимат бо амалҳои ҷиноятӣ такмил доданд.

- Мехоҳам қайд намоям, ки дар ибтидо Барномаи назорати маводи нашъаовар танҳо барномае маҳсуб меёфт, ки барои назорати маводи нашъаовар нигаронида шуда буд, аммо дар баробари ин, дар натиҷаи табодули иттилоот байни кишварҳои иштирокчӣ мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барнома аз далелҳои нопурра декларатсиякунонии мол бо мақсади ба даст овардани даромади ғайриқонунӣ низ ҷилавгирӣ намуд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ҳамкории байниидоравӣ ва табодули иттилоот роҳи муассиртарини баланд бардоштани иқтидори мақомоти гумрук дар муайян кардани контейнерҳои хатарзо мебошад, - афзуд дар интиҳои суханронии худ Азим Турсунзода.

 

Дар интиҳои ҷамаъомад муовини сардори Хадамоти гумрук – Хуршед Шерализода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бесабаб нест барномаи мазкур, ки ба масоили мавриди таваҷҷуҳи мақомотҳои гумруки кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст, миёни дигар барномаҳои Созмони милали муттаҳид баҳои баландтарро соҳиб гардид. Чун ин барнома бештар аз ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои дар пешгузоштааш, сазовори чунин боварӣ гардидааст.

- Давоми ду рӯз аз сӯханронӣ ва маърӯзаҳои ҳайати иштирокдорон оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо ва таваҷҷуҳу мароқашон маълум гардид, ки дар бунёди як низоми муассири ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ тавассути рушди муносибатҳои гумрукии дуҷониба дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ мебояд аҳамиятро бештар намуд. Тавсияҳо оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва рафъи пайвастаи монеаҳои нолозим дар ҷилавгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ҷиҳати мусоидат ба тиҷорати қонунӣ ва ҳифзи пардохти боҷҳо дар марз, истифодаи технологияҳои муосири гумрукӣ ва шаклҳои назорати гумрукӣ ба ташкили муносибатҳои сифатан нави гумрукӣ ва ба роҳ мондани муколамаи дуҷонибаи хадамотҳои гумруки кишварҳои минтақа, такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ҷамъбасти мулоқоти дурӯза таҷрибаи моро дар татбиқи ислоҳоти гумрук, аз ҷумла комёбиҳои хар як мақмоти гумруки кишварҳои иштироккунандаи Барнома амиқтар хоҳад кард, - иброз дошт, Х.Шерализода.

Барномаи глобалӣ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо яке аз ташаббусҳои муштараки Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб ёфта, соли 2004 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ҳадаф аз таъсиси он, беҳтар намудани идоракунии хавфҳо, амнияти занҷираи таъминот ва соддагардонии тиҷорат дар бандарҳои баҳрӣ, фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ барои пешгирии интиқоли фаромарзии молҳои ғайриқонунӣ мебошад.

Ёдрас мекунем, ки бори охир ҷаласаи минтақавии солона оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо 22 майи соли 2018, дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида буд, ки дар натиҷа роҳбарони мақомотҳои гумруки минтақа Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси шабакаи байниминтақавии мақомотҳои гумрук ва Гурӯҳҳои назорати бандарҳо дар доираи Барномаи назорати ҳамлу нақли контейнерҳо байни мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчиро ба имзо расонида буданд.

Ёддошти мазкур имкон фароҳам овард, ки ҳамкории амалии мақомотҳои гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи баҳри Сиёҳ ва Афғонистону Покистон дар самти муайян ва рафъи борҳои дорои хатари баланд, инчунин табодули мунтазами иттилоот тавассути таъсиси шабакаи байниминтақавии «Container COMM» ба роҳ монда шавад.

Дар ҷараёни ҷаласа эъломияи дахлдори муштарак қабул гардид.

Қисмҳои минтақавии барномаи мазкур барои минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Баҳри Сиёҳ ва Покистон аз ҷониби ҳукуматҳои Олмон, Канада, Амрико ва Ҷопон маблағгузорӣ мегарданд. 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон