Print

Оғози ҷаласаи ҳафтуми минтақавии солона оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 323

Имрӯз дар меҳмонхонаи Hilton - и шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми солонаи байниминтақавӣ дар доираи Барномаи глобалии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо ба кори худ шурӯъ намуд.

Чорабинии мазкур дар якҷоягӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар кори он муовини якуми сардори Хадамоти гумрук - Турсунзода Азим Ҳайдар, роҳбарон ва намояндагони ваколатдори Хадамоти гумрук иштирок ва суханронӣ карданд. 

Ҳамчунин, роҳбарону намояндагони дигар сохторҳои салоҳиятдори кишварҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, инчунин намояндагони созмонҳои шарики байналмилалӣ ва ҷомеаи донорӣ дар ҷаласаи мазкур ширкат доранд. Бояд гуфт, ҷаласа давоми ду рӯз дар шаҳри Душанбе идома ёфта, иштирокчиёни ҷаласа афзалияту имтиёзҳо ва мушкилотро дар соҳаи назорати ҳамлу нақли бор/контейнер, пешбурди принсипҳои якпорчагӣ дар соҳаи гумрук, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни мақомотҳои гумруки мамлакатхои аъзои минтақаро бо максади муайян намудани борхои хавфнок дар шароити вазъияти хозира баррасӣ хоҳанд кард. Дар назар аст, ки зимни ҷамъбасти чорабинӣ эъломияи дахлдори муштарак қабул карда шавад.

Барномаи глобалӣ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо яке аз ташаббусҳои муштараки Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб ёфта, соли 2004 ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Ҳадаф аз таъсиси он, беҳтар намудани идоракунии хавфҳо, амнияти занҷираи таъминот ва соддагардонии тиҷорат дар бандарҳои баҳрӣ, фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ барои пешгирии интиқоли фаромарзии молҳои ғайриқонунӣ мебошад.

Қисмҳои минтақавии барномаи мазкур барои минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Баҳри Сиёҳ ва Покистон аз ҷониби ҳукуматҳои Олмон, Канада, ИМА ва Ҷопон маблағгузорӣ карда мешаванд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон