ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманд миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар самти модернизатсиякунонии пешбурди фаъолияти гумрукӣ

23 майи соли 2022 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук - Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва сардори шуъбаи Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, капитани хадамоти гумрук - Шодиев Сафар Раҳматуллоевич дар ҳошияи сафаре, ки санаҳои 24-27 майи соли 2022 баргузор хоҳад гардид, ширкат варзида истодаанд.

Дар форуми мазкур намояндагони сатҳи роҳбарикунандаи маъмуриятҳои гумрук аз кишварҳои Гурҷистон, Монголия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Бонки Осиёии Рушд ширкат варзида истодаанд.

Дар ҷараёни форуми мазкур самтҳои афзалиятноки пешбурди фаъолияти гумрукӣ ва ба талаботу мушкилиҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯ будани мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, ки аз ӯҳдадориҳои давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии гумрук, Созишномаи содагардонии савдои Созмони умумиҷаҳонии савдо бар меояд маврид муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин, таҷрибаи пешқадами Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар ба роҳ мондани гумруки рақами, содагардонии расмиёти савдо ва истифодаи технологияи ҳамдаври иттилоотӣ ва коммуникатсионии ки миёни кишварҳои рушдёфтаи ҷаҳон мавқеъи намоёнро ишғол менамамояд, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

 

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳошияи семинари мазкур бо мақсади рушди робитаҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея вохӯрии дуҷонибаи сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Хуршед Абдруаҳмон ва Комиссари тозатаъин мақомоти гумруки Корея, ҷаноби ЮН Тэсик баргузор гардид, ки дар ибтидо Комиссар ҳайати расмии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пазируфтани даъват ва ширкат варзидан дар семинари сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуданд. Инчунин, мавсуф қайд намуд, ки ҳамкориҳои судманд миёни мақомоти гумруки ду давлат сол аз сол ва зина ба зина баланд рафта Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни шарикони Ҷумҳурии Корея мақеъи намоёнро касб менамояд.

ЮН Тэсик бо итминон иброз доштанд, ки баҳри боз ҳам тевсеа бахшидан ба ҳамкориҳои муштараки дуҷониба, минтақавӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус, дар доираи Созмони умумиҷаҳонии гумрук кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Дар ҷараёни мулоқот Каримзода Х.А. Ҷаноби, ЮН Тэсикро барои ба вазифаи пурмасъулият таъин гардиданашон табрик намуда иброз доштанд, ки таҳти роҳбарии ӯ муносибатҳо миёни ду мақомот ва дар умуми байни ду кишвар ба сатҳи нави шарикӣ бароварда хоҳанд шуд, инчунин, аз вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду мақомот ва рафти иҷрои нақшаҳои дар пеш гузошта шуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар диққати хоса зоҳир намуда баҳри боз ҳам ба сатҳи намоён бардоштанашон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории 9-умин форуми дуҷониба, ки соли 2015 баргузор гардида буд ёдовари намуда қайд намуданд, ки ба рушди муносибатҳо миёни ду мақомоти давлатӣ замимаи мустаҳкамро гузошт.

Инчунин, дар рафти форуми мазкур модернизатсияи Системаи иттилооти автоматонидашудаи ягонаи (СИАЯ) мавриди баррасӣ қарор дода шуда дар натиҷа протоколи техникӣ ба имзо расонида шуд, ки тибқи он ва бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Кореия аз ҷониби мутахассисони кореягии ширкати UNI-PASS моҳи сентябри соли 2021 Системаи идораи таваккал ба таври расмӣ татбиқ карда шуд. Системаи мазкур барои содагардонии расмиёти савдо таъсир расонида барои ғани гардонидани буҷаи давлат саҳми баланд гузошта истодааст. Дар рафти вохӯрии дуҷониба сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Шарифзода Юсуф Тоир ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: