Print

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 239

19 майи соли 2022 дар Меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он намояндагони мақомотҳои давлатӣ, аҳли тиҷорат масъулини воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, мутахассисони Барномаи ҳамкориҳои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА 10) иштирок намуданд.

 

Дар ҷаласаи мазкур оид ба масъалаҳои вобаста ба таърихи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои умумии ҳамкории мақомоти гумрук ва ассотсатсияҳои тиҷоратӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ дар мисоли Ҷумҳурии Латвия ва дигар кишварҳои Ҳамкориҳои Аврупо, тартиби пешбурди Реестри гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ ва дигар масъалаҳо, мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.

Ҷаласаро Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар кушода эълон намуд.

Турсунзода А.Ҳ. зимни баромад, қайд намуд, ки “Бори аввал аст, ки ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Барномаи ҳамкориҳои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) мегузарад. Ман боварӣ дорам, ки ҷаласаи имрӯза дар сатҳи боло хоҳад гузашт ва аз таҷрибаи мутахассисони байналмилалӣ дар мисоли Ҷумҳурии Латвия баҳраманд хоҳем шуд”.

Инчунин, Турсунзода А.Ҳ. оид ба натиҷаҳои назаррасе, ки дар рафти фаъолияти пурсамар тайи солҳои охир Хадамоти гумрук сарбаландона ба онҳо ноил гардид, мухтасар маълумот пешниҳод намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Мақсади Шӯро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, ин пеш аз ҳама мусоидат намудан дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

Ба ҳайати Шӯро намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар мақомотҳои ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат дохил карда шудаанд.

Баъд аз он, вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома сухан ба Муовини директори генералии Хадамоти даромадҳои давлатии Латвия Раймондс Зукулс ва сардори Шуъбаи методикаи барасмиятдарории гумрукӣ Раёсати гумруки Хадамоти даромадҳои давлатии Латвия Ирена Кнока дода шуд.

Раймондс Зукулс ва Ирена Кнока бо истифода аз рунамо баромад карда, таҳлили қонунгузории Латвия вобаста ба Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ, тартиби таъсиси Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ, принсипҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тартиби аъзо шудан ва баромадан аз Шӯро ва дигар масъалаҳои муҳими Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Латвия маълумот манзур намуданд. Аз рӯи масъалаи сеюми ҷаласа, дар мавзӯи “Тартиби пешбурди Реестри гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ”- сардори шуъбаи Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Махкамова Замира баромад намуд.

Баъд аз анҷоми баромадҳо иштирокчиёни ҷаласа ба музокира баромада, вобаста ба масъалаҳои баррасигардида саволҳои худро пешниҳод намуданд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтанд.

Ҳамзамон, роҷеъ ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда баъзе аз иштирокчиён фикру ақидаҳо ва таклифу пешниҳодоти худро иброз намуданд, ки аз ҷониби иштикорчиён қобили дастгирӣ шуморида шуд.

Дар анҷом Турсунзода А.Ҳ. аз ҳамкории мутақобила бо иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳо дар оянда низ бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат, махсусан Барномаи ҳамкориҳои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) хубтар ба роҳ монда, таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар фаъолияти минбаъдаи Шӯро истифода бурда шавад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон