ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Курси омӯзишӣ барои кормандони Хадамоти гумрук дар заминаи Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовар

Аз 3 то 14 майи соли равон дар заминаи Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ дар самти фаъолияти кинологӣ барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуд.

 

Тибқи фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2022, №85-ф “Оид ба гузаронидани курси омӯзишӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони Хадамоти гумрук дар самти кинологӣ фаъолияткунанда ба роҳ монда шуд.

Дар курси мазкур кормандон аз раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода ва шаҳри Душанбе бо сагҳои хизматии худ иштирок намуданд.

Машғулиятҳо аз тарафи устодони Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби кормандони масъули Раёсатҳои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, ки аз рӯйи Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Хадамоти гумрук ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 гузаронида шуданд.

Санаи 17 майи соли 2022 Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Ҳурматзод Иззатулло Зариф ва Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро аз раванди омӯзиш дар маркази кинологии Агентӣ, шароити буду боши кормандон ва нигоҳубини сагҳои хизматии Хадамоти гумрук диданд намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ ин омода намудани нозирон-кинологҳои Хадамоти гумрук ва сагҳои хизматии онҳо мебошад, ки барои фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо нақши муҳимро мебозад. Ҳамчунин, дар саҳни ҳавлии Маркази кинологии Агентӣ чорабинии амалӣ оид ба натиҷаи омӯзиш баргузор гардид.

Дар фарҷоми курси омӯзишӣ ба кормандони мақомоти гумрук “Сертификат” тақдим карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: