ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иштироки фаъолонаи кормандони Хадамоти гумрук дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Душанбе

15 майи соли 2022, дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

 

Дар мусобиқаи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз тамоми кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии пойтахт даъват гардида буданд. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди варзишӣ кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз деҳаи Чорбоғ оғоз гардида, то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе идома ёфт ва ғолибон бо диплому ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

 

Бояд тазаккур дод, ки барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва оммавигардонии он бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 инҷониб ҳамасола дар саросари кишвар якшанбеи сеюми моҳи май бахшида ба Рӯзи ҷавонон Дави миллӣ гузаронида мешавад.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: