Print

Семинари омӯзишӣ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 177

Нимаи аввали моҳи апрели соли 2022 сардори шуъбаи назорати барасмиятдарории нерӯи барқ ва гази табиии Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хадамоти гумрук Замира Махкамова дар семинари омӯзишӣ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ (UNODC), ки бо ибтикори Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Суғд баргузор гардид, иштирок намуд.

 

Дар маросими кушодашавии давраи бозомӯзӣ, ки ба санаи 11 апрели соли ҷорӣ рост омад, муовини якуми Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд Оқилов А.О., мушовири барномаи назорати содирот ва амнияти сарҳадоти Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэтью Сиуда, ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи ҷаҳонии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Батир Гелдиев, мутахассисони Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук Светлан Савов ва Серик Нурманов иштирок намуданд.

Барномаи бозомӯзӣ аз ҷониби мутахассисони Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар атрофи мавзӯъҳои «Спетсификатсияи контейнерҳои E-BIC, «Тарзҳои назорати контейнерҳо», «Истифодаи Container Comm ҳамчун манбаи маълумот», «Профили таваккал ва муайян намудани контейнерҳои хавфи баланддошта», “Назорати гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ”, “Тафтиши воситаҳои ҳаммонандсозӣ, тамғаҳо (маркаҳо)-и махсус ва дигар усулҳои ишорагузории молҳо” гузаронида шуд.

Дар доираи семинари мазкур, рӯзҳои 11-15 апрели соли ҷорӣ дар Гумруки “Мастчоҳ”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд барои аъзоёни гуруҳи назорати бандарӣ (ГНБ), ки дар чаҳорчӯби Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд амал менамоянд ва ҳайати шахсии дидбонгоҳи гумрукии “Фотеҳобод” давраи бозомӯзӣ доир гардид.

Маврид ба зикр аст, ки мутахассисон ҳангоми гузаронидани машқҳои амалӣ дар баробари тафтиши ҳуҷҷату маълумот, шакл ва тартиби гузаронидани назорати гумрукӣ, инчунин бо ҷойҳои махсуси мошинҳои боркаш ва контейнерҳоро, ки дар онҳо эҳтимолияти пинҳон намудани воситаҳои нашъадор ҷой доранд, шинос шуда, тартиб ва тарзу усулҳои ошкор кардани маводҳои манъшударо омӯхтанд.

Инчунин, ҷиҳати ташкил намудани мубодилаи маълумот байни кормандони дидбонгоҳи гумрукии “Фотеҳобод” бо аъзоёни гурӯҳҳои назорати бандарии мақомотҳои гумруки кишварҳои аъзои Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо, мутахассисони давраи бозомӯзӣ бо Шабакаи байниминтақавии хадамоти гумрук ва гурӯҳҳои назорати бандарӣ (UNODC) шинос гардида, барои дастрасӣ ва ворид шудан ба системаи автоматии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук «Container Comm» иҷозат гирифтанд.