Расму оин ва анъанаҳо яке аз шаклҳои муҳими шуури ҷамъиятии ҳар як миллату ҷомеа мебошад. Миллати тоҷик вобаста ба шароити таърихӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии худ аз замонҳои қадим расму оин ва анъанаҳои неку писандидаро эҷод карда, тули ҳазорсолаҳо онҳоро такмилу инкишоф додааст ва онҳо имрӯз ба як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд.
Ҷашну маросим ва оинҳои мардуми тоҷик, асосан, дар доираи ду тамаддуни таърихӣ: ориёӣ ва исломӣ ташаккул ёфтаанд. Қисми бештари расму оин ва ҷашну маросими халқие, ки имрӯз дар байни мардуми мо маъмуланд, маҳсули марҳалаи исломист.
Аксари ин расмҳо ҳамчун як рукни фарҳанги миллатамон шинохта шудаанд, вале бо мурури замон ва таҳти таъсири омилҳои гуногун ба тағйироти шакливу маъноӣ дучор шуда, бештар моҳияти зиёфату таом додан ва таом хӯрданро ба худ гирифтаанд. Яъне, онҳо имрӯз аслу мақсади асосиашонро то андозае гум кардаанд.
Қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хуро- фот будан ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад. Зоҳирпарастиву исрофкорӣ, дар навбати худ, садди роҳи баланд гардидани сатҳи зинда- гии аҳолӣ хоҳад шуд.
Мо расму оинҳоро дар сурате ба як низоми муайян оварда метавонем, ки аслро аз бадал фарқ намоем ва ба арзишу моҳияти воқеии онҳо дуруст сарфаҳм равем.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “То расму оин ва маросими милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.
Агар амиқтар бингарем, дарк хоҳем кард, ки ҷашнҳо фақат барои хоҳу нохоҳ гузаронидан нест. Ҳадаф дигар аст. Расму оинҳо ва анъанаву ҷашнҳо бояд дар раванди ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ, меҳмонпазириву рӯзгордорӣ, ғамхориву шафқат ба ҳамдигар доир шуда, онҳо аҳамияти маънавию тарбиявиро доро бошанд.
Аммо, имрӯз, тавре мушоҳида мешавад, баъзе одамон ҷашну маросими мардумиро ҳамчун воситаи худнамоӣ, шуҳратпарастӣ, ба даст овардани обрӯ ва ҳатто мартабаву мақом истифода мекунанд. Чунин амалҳои номатлуб, яъне исрофкорӣ ва афзудани ҳирси ҷамъоварии пулу мол, бешак, боиси пастравии сатҳи маънавиёту рӯзгори қисми зиёди мардуми камбизоат шуда, монеаи пешравии мо ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ, сохтани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоию дунявӣ мегардад.
Дар шароити имрӯза бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда мақсаднок ва самарбахш истифода карда шавад. Бар хилофи арзишҳои миллӣ ва динӣ сарф кардани маблағ ё за- хираҳои моддӣ ҳам зиёни иҷтимоӣ ва ҳам гуноҳи динӣ аст. Ҳақро аз ботил ва ҳалолро аз ҳаром фарқ бояд кард. Миллати тоҷик ҳаққи худшиносии комил дорад. Мо аз гузаштаи худ бояд фарҳанги сарфакориро омӯзем.
Маврид ба зикр аст, ки қонуни мазкур дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия гашта, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст ва татбиқу риояи талаботи он аз ҳар яки мо вобаста аст.
Боиси қаноатмандист, ки муқаррароти қонуни мазкур аз ҷониби ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба иҷро гардида, тибқи Нақшаи кории комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим ба роҳ монда шудааст ва доир ба риояи моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ҳайати шахсӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешаванд.
Комиссияи ҷамъиятии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолияти худро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, таҳти №96 “Дар бораи Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим” ва дигар қонуну қарорҳои ҷорӣ ба роҳ монда, бо мақсади амалӣ намудани талаботи он дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар шаҳрҳои Ду- шанбе ва Турсунзода, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсӣ вохӯриҳо ташкил намуда, моҳияти қонуни мазкурро пурра шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Илова ба ин, дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук дар раванди курсҳои тайёрии ибтидоӣ ва кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси кормандон дар самти омӯзи-ши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” машғулиятҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар натиҷаи пешбурди дурусти кор ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он оид ба танзими анъана ва ҷашун маросим нишон дод, ки соли 2021 аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук 57 ҷашну маросим гу- заронида шуда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пурра риоя гардидааст.
Хотирнишон месозем, ки ҳанӯз 25 августи соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расида буд. Бояд гуфт, ки ҳангоми таҳияи ин қонун, пеш аз ҳама, манфиати халқ ба инобат гирифта шудаасту татбиқи он барои таъмини баробарии иҷтимоӣ равон гардидааст. Ҳадафи дигар, рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гироми- дошти расму оини азбайнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ намудани арзишҳои волои фарҳангиву тамаддуни қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.
Ба андешаи мо, муҳим ин аст, ки анъанаву ҷашну маросим бояд омили муайянкунанда ва инкишофдиҳандаи сатҳи маърифати инсонӣ, шуури милливу мазҳабӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ахлоқиву ҷисмонии мардум бошад.
Эҳтироми инсон, пос доштани хотираи гузаштагон ва таҳкими пайвандҳои хонаводагӣ бояд аслу асос ва ҷавҳари онҳоро ташкил диҳад. Зеро мантиқу ҳикмати баргузории маросим дар лаҳзаҳои шодӣ ва ғам дар паҳлӯи якдигар будани пайвандон мебошад.