Print

Рушди мақомоти гумрук дар 30 - соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 373

Дар таърихи навини тоҷикон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад. Сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 30 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

 

Сарвари давлат миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини далатдории на вини миллиамон меноманд. Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Мусаллам аст, ки пайдоиши гумруку ташакулёбии фаъолияти гумрукиро бо медиҳанд. Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки ҳанӯз дар асрҳои 6 7 пеш аз мелод фаровонии мол, заминҳои ҳосилхези киштбоб, захираҳои маъдании Осиёи Миёна боиси фаъол гардидани муносибатҳои тиҷоратӣ гардиданд. Дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна ягона гузаргоҳи гумрукии ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шуравӣ назораткунанда дидбонгоҳи гумрукии Тирмиз буд.

7 апрели соли 1987 Шуъбаи оперативии назоратии гумрукии "Панҷи Поён" таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба гумруки Тирмиз тобеъ буд. Роҳбарии воҳидҳои номбурдаи гумрукӣ бевосита аз ҷониби Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал бароварда мешуд.

Ҳамин тариқ, 22 январи соли 1992 бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №14 Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони Вазирони Ҷумҳу рии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки асоси хадамоти гумруки имрӯзаро ба миён гузошт. Мутобиқи ҳамин қарор таъминоти Саридора ва мақомоти маҳалиии он аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва тамоми маблағҳои даромади гумрукӣ ба буҷетӣ ҷумҳурӣ гузаронида мешуд. Тибқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили фаъолияти Саридораи назорати гумрук ва воҳидҳои сохтории он тасдиқ карда шуд, ки шумораи умумии кормандони мақомоти гумрукӣ ҷумҳурӣ 242 нафарро ташкил дод. Дар ибтидо сохтори дастгоҳи марказии Саридораи назорати гумрукии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият, котибот, як идораи ташкили назорати гумрукӣ, шуъбаи мубориза бар зидди қоҷоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ ва як қатор шуъбаҳои ёрирасон ибо рат буд.

Дар ин давра даҳҳо корхонаҳои муштарак таъсис дода шуда, зиёда аз 800 иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ба қайд гирифта шуданд, ки дар муддати кӯтоҳ ҳаҷми мубодилаи молро даҳҳо маротиба афзун гардониданд.

Баъд аз ин, 22 июни соли 1993 бо қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №228 масъалаҳои Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, Саридораи гумруки назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Низомномаи Куми таи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав тасдиқ карда шуд. Мутобиқи он ба зиммаи Кумитаи мазкур вазифаи таҳия ва тадбиқи сиёсати ягонаи гумрукӣ, таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмил ва фаъолияти самарабахши услуби гумрукӣ гузошта шуд. Бо баробари тағйиротҳои куллӣ шумораи кормандони мақомоти гумрук то 985 нафар расонида шуд.

Кумитаи давлатии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1994 ба Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Маоши хизматӣ ва пардохтҳои дигари пулии роҳбарон, шахсони мансабдор ва ҳайати кирояи Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 июни соли 1993 барои Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда буданд, нигоҳ дошта шуд.

Тибқи талаботи қонунгузории соҳаи гумрук роҳбарии умумӣ ба фаъолияти гумрукӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардид. Мақомоти марказии ҳокимият, ки бевосита ба фаъолияти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24уми январи соли 2002, таҳти №745 ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва он то 30 ноябри соли 2006 фаъолият намуд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ноябри соли 2006, таҳти №9 то инҷониб Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Дар асоси тағйиротҳои сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти гумрук ба 1030 нафар расид.

Дар моддаи 461 Кодекси гумрук сохтори мақомоти гумрук чунин муайян шудааст: Мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ;

Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ;v Гумрукҳо;

Дидбонгоҳҳои гумрукӣ.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ аз 5 раёсатҳои минтақавии гумрукӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Миқдори умумии Гумрукҳои дохи ла 18 – адад, гузаргоҳҳои автомобилӣ 25адад, гузаргоҳҳои роҳи оҳан 4адад, гузаргоҳи дарёӣ 1адад, гузаргоҳҳои ҳавоӣ 5адад, дидбонгоҳҳои гумрукии дохила 19 адад ва дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадӣ 37 ададро ташкил медиҳад.

Ташкили мақомоти махсуси ваколатдор дар соҳаи гумрук барои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дастоварди бузургӣ давлатӣ аст. Зеро таъмини бехатарии иқтисодӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии давлат, мубориза бар зидди қочоқ маҳз бар дӯши мақомоти гумрук гузошта шудааст.

Инчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки дар тамоми давраҳои фаъолияти гумрукӣ Кодекси гумрук 3 маротиба қабул гардидааст. Аз ҷумла, 25 ноябри соли 1992, 5 ноябри соли 1995 ва 3 декабри соли 2004 қабул гардида, аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор гирифтааст.

Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси меъёрҳои умумиэътирофшудаи умумибашарӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таҳия гардида, барои рушди такомули заминаҳои ҳуқуқии соҳа марҳилаи сифатан нав ба шумор меравад. Дар амал ҷорӣ гардидани Кодекси нав, яке аз омилҳои асосии инкишофи иқтисодиёти кишвар гашта, барои пурра кардани буҷаи кишвар, фаъолгардонии соҳибкорӣ ва тиҷорат, инчунин, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Бо мақсади рушди фаъолияти минбаъдаи мақомоти гумрук ва аз байн бурдани монеаҳо ва гузаштан ба тадбиқи технологияи иттилоотии коммуникатсонӣ дар Хадамоти гумрук ба роҳ мондани СИАЯ ва Равзанаи ягона дар даврони соҳибистиқлоли падидаи нав мебошад.

Системаи (СИАЯ) мазкур шабакаи боваринок ва ҳимояшавандаи интиқоли маълумотро дар назар дошта, сохтани инфрасохтори ягонаро байни воҳидҳои сохтории минтақавии гумрукӣ ва Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо ташкили дастрасии истифодабарандагон ба захираҳои марказии дорои маҳзани маркази маълумот ва таъминоти барномавӣ дар бар мегирад.

Дар баробари ин, дар Хадамоти гумрук Корхонаи воҳиди давлатии Маркази “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ” фаъолият менамояд. Низоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати суръат бахшидани раванди ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид.

Яке аз тадбирҳои маъмулие, ки ба рушди тиҷорати байналмилалӣ мусоидат мекунад, ташаккули механизми “Равзанаи ягона” мебошад, ки тавассути он иттиллоъ ва ҳуҷҷатҳои тиҷоратие, ки барои иҷрои расмиёти давлатии марбут ба воридот, содирот ва транзит зарур мебошанд, ба низом як маротиба тариқи шабакаи ягона ворид мешаванд.

Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо солҳои 20082013 ҷиҳати иштирок дар низоми “Равзанаи ягона” мақомоти соҳавӣ бо таҷҳизоти техникӣ таъмин шуда, аз тарафи ширкати “Интрасофт”и Юнон шакли аввалияи таъминоти барномавии низом таҳия гардид.

Аз соли 2013 дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ”, ки маблағгузораш Бонки Осиёгии Рушд аст, таҳлили қонунгузории соҳавӣ, механизм ва расмиёти маъмурии дохилиидоравии Агентии “Тоҷикстандарт”, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти алоқа, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молия, Палатаи савдо ва саноат ва дигар мақомоти ваколатдор оид ба додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин, талаботи техникӣ ҷиҳати таҳияи низоми иттилоотӣкоммуникатсионии болозикр аз ҷониби ширкати машваратии байналмилалии “Кроун Эҷентс”и Британияи Кабир ба анҷом расонида шуд.

Дар ин замина шакли ниҳоии низом бо маҷмуи амалҳое, ки мақомоти ваколатдор бояд барои қабули дархост аз иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, му бодилаи иттилоот ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳию сертификат анҷом диҳанд, аз тарафи ширкати барномасози “АйЮНетворкс”и Арманистон омода гардида, давраи пилотии ҷорисозии он моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида буд.

Чунин низом дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин таҷрибаи гузаштан ба усули электронӣ дар самти тиҷорати беруна маҳсуб ёфта, дар як макон дастрас кардани 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти давлатию ҷамъиятӣ таҷрибаи нодир арзёбӣ мегардад.

Ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, таҳти №410 тасдиқ шудааст. Тибқи қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2020 низом мавриди истифодаи расмӣ қарор дода шуд.

Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд “ Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкорист ва ҳар пешниҳоде, ки дар арсаи минтақавӣ ва ё байналмилалӣ манзур мекунад, иборат аз ҳамкорист”.

Тибқи моддаи 2 Кодекси гумрук, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи танзими гумрукӣ бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва мутаносибии қонун гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва амалияи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ иштирок менамояд. Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои гумрукӣ ва пайвастан ба созмонҳои байналмилалии гумрукӣ, инчунин, густариши равобити муфиди бисёрҷониба ва дуҷониба бо мақомоти гумруки кишварҳои хориҷа зарурияти воқеист.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ ва иштирокчии зиёда аз 100 конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, бай ниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад. Сарчашмаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ инҳо ба шумор меравад:

-Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардони ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ( Конвенсияи Киото, соли 1973);

-Конвенсияи Киото аз 25 сентябри соли 1974 амал менамояд, равандҳои ҷаҳонишавӣ зарурияти ҳамоҳангсозии муқаррароти

-Конвенсияи мазкурро ба воқеия ти ҷаҳони муосир ба миён овард. Аз ин рӯ, 26 майи соли 1999 дар ҷаласаи навбатии СУГ таҳрири нави Конвесияи Киото қабул гардид. Таҳрири нави Конвенсия по принсипҳои зерин асос меёбад:

Шаффофӣ ва дақиқии муқаррароти қонунгузории гумрукӣ;

Қабули қоида ва расмиёти гумрукии стандартии соддагардонидашуда;

Истифодаи самараноки системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳо дар расмиёти гумрукӣ;

Такмили усулҳои назорати гумрукӣ, гузаронидани онҳо дар асоси идораи таваккал;

Истифодаи шаклҳои декларатсиякунонии пешакӣ;

Ҳамкории ҳамаҷонибаи мақомоти гумрук бо дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, байналмилалӣ ва мутақобилаи хадамоти гумрук.

Конвенсияи гумрукӣ оид ба интиқоли байналмилалии бор бо истифодаи китобчаи боркашонии байналмилалии автомобилӣ ( соли 1975 бо тағйиру иловаҳои соли 1997) аз 20 марти соли 1978 амал мекунад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори пеш аз 50 давлати дунё аъзои Конвенсияи мазкур мебошад. Конвенсия интиқоли борро тавассути ҳама намуди нақлиёт аз гумруки маҳалли фиристонидани бор то гумруки таъйиноти мамлакати аъзо ба танзим медарорад. Моле, ки бо риояи қоидаҳои боркашониии байналмилалии автомобилӣ интиқол дода мешавад, дар гумрукҳои мобайни аз пардохти боҷҳои воридотӣ ва содиротӣ, инчунин, аз муоинаи гумрукӣ озод аст.

Конвенсия дар бораи воридоти муваққатии мол соли 1990 бо мақсади соддагардонии воридоти муваққатии молу воситаҳои нақлиёт қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он моҳи декабри соли 1996 аъзо гардидааст.

Конвенсия байналмилалии ҳамоҳангшудаи тавсиф ва рамзгузории молҳо (соли 1983) ва аз пешгуфтор, 20 модда ва замимаҳо иборат аст. Низоми ҳамоҳангшудаи тавсиф ва рамзгузории молҳо мавқеъ, зермавқеи мол, рамзҳои рақамии онҳо, эзоҳи фасл, гурӯҳ ва инчунин, қоидаҳои асосии таснифро дар бар мегирад. Ҳуҷҷати мазкур давлатҳои аъзоро вазифадор менамояд, ки номгӯи омори гумрукии худро бо низоми ҳамоҳангшуда мувофиқ созанд. Давлатҳои рӯ ба тараққӣ метавонанд татбиқи зермавқеъҳои низом ё қисми онҳоро ба муҳлати зарурӣ тамдид намоянд.

Конвенсия байналмилалӣ оид ба ҳамкории мутақобила дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ( Конвенсияи Найроби, соли 1977) ба давлатҳои аъзо имкон медиҳад, ки дар самти ҳимояи иқтисодиёти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ монанд. Конвенсия аз 21 майи соли 1980 мавриди амал қарор дорад ва пеш аз 40 давлати дунё онро ба тасвиб расонидааст.

Конвенсия оид таъсис Шурои ҳамкориҳои гумрукӣ ( соли 1950). Соли 1950 17 давлати Аврупо дар Брюссел Конвенсияро оид ба таъсис Шурои ҳамкориҳои гумрукӣ имзо карданд. Вазифаи Шурои ҳамкориҳои гумрукӣ аз инҳо иборат буд;

Омӯзиши масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои гумрукӣ;

Омӯзиши ҷабҳаҳои техникии системаҳои гумрукӣ ва омилҳои иқтисодии ба онҳо алоқаманд бо мақсади ба аъзои Шуро пешниҳод намудани воситаҳои амалии ноил шудан ба сатҳи баланди ҳамоҳангӣ.

Ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шуро дохиланд. Конвенсия оид ба таъсис Шурои ҳамкориҳои гумрукӣ 4 ноябри соли 1952 мавриди амал қаррор гириф. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия мазкур соли 1997 ҳамроҳ шуд. Алҳол ба Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ 174 давлати дунё, аз ҷумла давлатҳои ИДМ аъзоанд ва беш аз 90 % гардиши тиҷорати ҷаҳонӣ ба давлатҳои аъзои Конвенсия рост меояд.

Дар баробари ин, бо дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба монанди Иттиҳоди Иқтисодии Авру Осиё, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, Иттиҳоди Аврупо “Бомка/Кадап”, Иттиҳоди Аврупо “ Трасека”, Агентиии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ “USAID”, Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ (JICA), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC), Бонки Осиёии Рушд, Ҳукумат ва департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (giz) ҳамкориҳои судманди байналмилалиро ба роҳ мондааст.

Саидмуъмин Туманов,

нозири Донишкадаи такмили

ихтисоси Хадамоти гумрук