Тавре ҳамагон огаҳӣ доранд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар 21 декабри соли 2021 баён доштанд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид наму дани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»ро тибқи тартиби муқарраршуда таҳия намуд.
Лоиҳаи мазкур дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки санаи 14 марти соли 2022 дар шаҳри Ду шанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар иҷлосия, инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лоиҳаҳои болозикр дар Кодекси гумрук ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани имтиёзҳои гумрукӣ ва андозиро нисбати воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, яъне электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо пешбинӣ менамоянд. Бо қабул гардидани лоиҳаҳои мазкур воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба ҷумҳурӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешавад.
Мусаллам аст, ки аз пардохтҳои гумрукӣ озод намудани воситаҳои нақлиёти барқӣ ҳавасмандии сокинонро барои воридоти бештари чунин воситаҳои нақлиёт зиёд намуда, дар ин замина бо коҳиш ёфтани сатҳи хориҷшавии дуоксиди карбон ба фазо вазъи экологӣ ва муҳити зист дар шаҳру навоӣ ва маҳалҳои аҳолинишини мамлакат мусоид мегардад. Ҳамчунин, роҳандозии иқдоми мазкур нуфӯзу эътибори кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва мутобиқгардонии иқтисоди миллӣ ба тағйирёбии иқлим боз ҳам боло мебардорад. Дар ин росто, маврид ба зикр аст, ки кишвари мо бо неругоҳҳои барқии обии худ яке аз тавлидкунандаи асосии энергияи сабз дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани соҳаҳои ҳаёти хоҷагии мамлакат дорои захираҳои кофӣ мебошад.
Зиёда аз ин, дар шароити болоравии арзиши сӯзишворӣ ва мушоҳида гардидани тамоили зудтағйирёбии нархи сӯзишворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ҳавасманд гардонидани истифодаи бештари воситаҳои нақлиёти барқӣ муҳим арзёбӣ гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат менамояд.
Дар пайи имтиёзҳои гумрукӣ, андозӣ ва сармоягузории дар ҷумҳурӣ амалкунанда, ки барои беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди бемайлони иқтисоди миллӣ равона гардидаанд, боз ҳам бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути лоиҳаҳои мазкур барои сокинон ва соҳибкорони мамлакат фароҳам овардани имтиёзҳои нави гумрукӣ ва андозӣ, бозгӯи рӯшани сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи давлату Ҳукумати кишвар мебошад.
Сафарзода Ҳусниддин, Сардори шуъбаи Раёсати таъмини ҳуқуқӣ, капитани хадамоти гумрук