Print

Cоли 2021 тавассути СИАЯ 192 ҳазору 792 адад декларатсияи бори гумрукӣ ва декларатсияи транзитӣ ба расмияти гумрукӣ дароварда шуд

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 187

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 дар самти технологияҳои иттилоотӣ якчанд лоиҳа ва барномаҳоро қабул намуд, ки расман қабул намудани таъминоти барномавӣ ва таҷҳизот ҷиҳати ҷорӣ намудани зерсистемаи Идораи таваккал аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Корея аз ҷумлаи онҳо мебошад.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки моҳи декабри соли 2019 барои сохта ва ба истифода додани Системаи идораи таваккал ҷиҳати муайян намудани ширкати пудратчӣ озмуни тендерӣ эълон шуда, дар он ширкати “DataWorld” и Ҷумҳурии Корея ғолиб гардид ва моҳи январи соли 2020 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кан Чже Квон, инчунин, ҳайати роҳбарикунандаи мақомотҳои гумруки ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Корея маросими ифтитоҳи лоиҳаи ҷорӣ намудани Системаи Идораи таваккал баргузор ва гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд.

Моҳи августи соли 2020 бошад, гурӯҳи коршиносони ширкати “DataWorld”-и Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона ва ҷузъҳои онро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор доданд ва таҷҳизотҳои техникии зарурӣ барои идома додани таҳияи зерсистемаи Идораи таваккал моҳи ноябри соли 2020 аз ҷониби ширкати DataWorld таҳвил дода шуд.

Мутахассисони ширкати “DataWorld” дар якҷоягӣ бо кормандони Маъмурияти Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона дар Маркази коркарди маълумотҳо 8 адад серверҳои пуриқтидори тамғаи “Dell”-ро бо ду адад ҷевони серверӣ, инчунин як адад “Storage” бо ҳаҷми 30 ТБ, як адад таҷҳизоти “LTO” сабткунандаи лентавӣ), ду адад таҷҳизоти ҳифзкунандаи шабакавии “Firewall”, як адад “BackBone switch”, як маҷмӯъ қулфи электронӣ, як адад Кондитсионери 48 куб м/дақиқа ва 8 адад таҷҳизоти шабакавии “Router” насб намуданд.

Ғайр аз ин, дар толори махсуси таълимӣ, ки дар ошёнаи дуюми бинои Дастгоҳи марказии мақомоти гумрук сохта шудааст, минбари электронӣ, тахтаи электронӣ, проектор ва системаи алоқаи тарҷумонии муосир барои 50 шунаванда насб шудааст.

Дар баробари ин, таҷҳизотҳои техникӣ барои гузаронидани видеоконфронс, аз ҷумла 5 адад монитори сенсории андозаи 65 дюйм, 5 адад монитори сенсории андозаи 53 дюйм ва маҷмуи таҷҳизот барои тарҷумаи синхронӣ таҳвил дода шуд, ки маблағи умумии он 1 млн 291 ҳазор 869 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Яке аз вазифаҳои асосии системаи мазкур, ин пешгирӣ намудани ҳолатҳои вайрон шудани қонунгузории гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт дар зерсистемаи “Барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ” бо истифода аз профилҳои таваккал равона гардида, барои анҷом додани амалиётҳои пешгирикунанда ба нозири барасмиятдарори гумрукӣ тавсияҳои мушаххасро мешниҳод менамояд.

Коршиносони кореягӣ дар моҳҳои феврал-марти соли 2021 ба кормандони раёсатҳои назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит, таҳлил ва омори гумрукӣ, батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, Маъмурияти СИАЯ, инчунин, шуъбаҳои дахлдори раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва нозирони барасмиятдарори гумрукӣ курсҳои омӯзишии истифодабарии зерсистемаи Идораи таваккалро гузарониданд. Ғайр аз ин, ба дигар кормандон, ки хоҳиши ишитирок дар курсҳои омӯзишӣ доштанд, имкон фароҳам оварда шуд, ки савияи дониши худро дар ин самт мукаммал гардонанд. Ҳамин тариқ, санаи 12 апрели соли 2021 фаъолияти Системаи идораи таваккал дар шакли санҷишӣ ба роҳ монда шуд.

Моҳи сентябри соли 2021 бошад, бо иштироки бевоситаи роҳбарияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Корея ва намояндагони ширкати пудратчии “DataWorld”, инчунин, роҳбарияти Хадамоти гумрук маросими қабули зерсистемаи Идораи таваккал баргузор гардида, дар асоси фармоиши Сардори Хадамоти гумрук аз 10 декабри соли 2021, №177 “Дар бораи дар истеҳсолот татбиқ намудани зерсистемаи нави Идораи таваккал” фаъолияти худро расман оғоз намуд.

Ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад, лоиҳаи Созишнома ва Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ ба Хадамоти гумрук пешниҳод гардида, аз ҷониби воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Баъд аз ба мувофиқа расидан, 18 сентябри соли 2021 Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ ба имзо расида, корҳои техникии насби барнома ва ташкили хати алоқа идома дорад.

Ҷиҳати роҳандозӣ намудани системаи электронии табодули маълумот оид ба сертификати истеҳсоли мол СТ-1 бо Федератсияи Россия бояд қайд намуд, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба татбиқи мутақобилаи системаҳои электронии сертификаткунонии истеҳсоли мол дар якҷоягӣ бо мутахассисони мақомотҳои гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2021, №374 тасдиқ гардид. Системаи электронии сертификаткунонии истеҳсоли мол СТ-1 фаъолияти худро соли ҷорӣ дар шакли санҷишӣ оғоз хоҳад кард.

Бо мақсади амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва аз 30 декабри соли 2019, №642 “Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси тартиби муқарраргардида байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” шартномаи хизматрасонӣ аз 29 апрели соли 2019, №03-19 оид ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои пардохти электронӣ ба имзо расонида, корҳои техникӣ ба анҷом расонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2020, таҳти №1905/20 оид ба мубодилаи маълумот, дар Маркази коркарди маълумотҳои ҷонибҳо таҷҳизотҳои серверӣ ва шабакаи алоқавӣ бо истифода аз шабакаи ҳифзшудаи VPN насб ва ҷорӣ карда шудааст. Маълумоти табодулшаванда бо таври автоматӣ муовофиқи дархостҳо аз рӯи рамзи “70” барои рӯзи амалиёти дархостшуда дар реҷаи вақти воқеӣ (on-line) ба роҳ монда шуд, ки барои пардохт намудани боҷу андозҳои гумрукӣ дар низоми ғайринақдӣ ва ирсол намудани тасдиқи он пешбинӣ шудааст.

Маълумотҳои қабулшуда дар махзани маълумотҳо ба таври автоматӣ захира гардида, барои хизматрасонӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва роҳандозӣ намудани низоми пардохтҳои электронӣ равона гардидааст, ки дар ин раванд дар доираи шартномаи мазкур системаи мониторинги пардохти электронии хизматрасониҳои гумрукӣ таҳия гардида, ҳамгироии он бо зерсистемаи Барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии СИАЯ ба роҳ монда шуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан тасдиқи пардохтҳои гумрукӣ тариқи дархостҳои хаттӣ аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешуд. Феълан роҳандозии барномаи мазкур имконият фароҳам меоварад, ки ки аз системаи мазкур ҳисоботҳои пардохтҳои гумрукиро тариқи онлайн дар муҳлати кутоҳтарин ва дилхоҳ сана дастрас намоем.

Санаи 11 декабри соли 2020 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук рӯнамоӣ оид ба механизми фаъолияти система бо иштироки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ва машваратӣ оид ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид ва 15 феврали соли 2021 фаъолияти системаи мазкур расман ба кори худ оғоз намуд.

Дар доираи Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамкориҳои мутақобила бо ширкати пудратчии “Softengi Ukraine LLC” ҷорӣ намудани системаи ягонаи пайгирии моҳворавӣ ва идораи фосилавӣ (Электронная пломба) барои назорат ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳамлунақли дохилӣ моҳи ноябри соли 2021 оғоз гардида, дар навбати аввал барои дар шакли санҷишӣ истифода шудани системаи мазкур, 6 адади он дар воситаҳои нақлиёти самти Душанбе-Хоруғ ва Хоруғ-Душанбе насб гардида, ки назорати воситаҳои нақлиётро дар вақти воқеӣ аз дастгоҳи марказӣ амалӣ намуданд.

Вобаста ба иҷрои банди 4 Нақшаи корӣ дар соли 2021 мувофиқи дархостҳои раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва ширкатҳои брокерӣ 560 кормандони гумрук ва 255 мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ ба УТТ бо истифода аз системаи хизматрасонии “HelpDesk” дархост ирсол намуданд. Аз ҷумла, 325 дархост ҷиҳати аз муҳосира озод намудани рамзи убур ва декларатсияҳои бори гумрукӣ, дархостҳои иттилоотӣ 238 адад ва дархостҳо аз дигар ширкатҳо 5 адад, инчунин, аз муҳосира озод намудани рамзи убури мутахассисони барасмиятдарори гумрукӣ дар Портали ИФИХ 255 дархостро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ миқдори дархостҳои аз ҷониби истифодабарнадагон (кормандони гумрук ва мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ) ба Умури тақвиёти техникии СИАЯ – “Help Desk” воридгашта, дар маҷмуъ 815 дархостро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби кормандони Маъмурият дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин мавриди баррасӣ ва иҷроиш қарор дода шуданд.

Кормандони Маъмурият СИАЯ дар якҷоягӣ бо кормандони раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва ширкати пудратчии ҶДММ “Hikvision 50 security” ҷиҳати муҷаҳҳаз намудани дидбонгоҳи гумрукии “Дӯстӣ”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода бо камераҳои мушоҳидавӣ ва ба роҳ мондани назорати қатъии он моҳи марти соли 2021 ба дидбонгоҳи гумрукии мазкур сафарбар шуда, ҷойҳои насби камераҳои мушоҳидавӣ муайян ва нақшаи он тартиб дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар дидбонгоҳи гумрукии мазкур, дар маҷмуъ 31 адад камераҳои мушоҳидавии замонавӣ бо талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ насб гардида, назорати интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ва интиқоли мусофиронро фаро мегирад. Дидбонгоҳи гумрукии мазкур пас аз анҷоми корҳои техникӣ, ҳамчун гузаргоҳи намунавӣ ба шумор рафта, тиқби он дигар дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби кормандони Маъмурият насби таъминоти барномавӣ ва хизматрасонии дастгоҳҳои компютерӣ ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ дар раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, Донишкадаи такмили ихтисос ва Лабораторияи марказии гумрукӣ гузаронида шуд.

Моҳи июни соли 2021 аз ҷониби кормандони Маъмурият дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 20 адад камераи мушоҳидавӣ ҷиҳати таҳти назорат қарор додани гирду атрофи бинои Раёсат насб карда шуд.

Санаҳои 28-29 сентябри соли 2021 кормандони Маъмурияти СИАЯ дар асоси дархости Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҷиҳати таъмири як адад камераи мушоҳидавии дидбонгоҳи гумрукии “Панҷи Поён” ба дидбонгоҳи гумрукии мазкур сафарбар гардиданд.

Дар доираи Созишномаи грантии №RIBS-0341TAJ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд аз 24 апрели соли 2013 дар бинои Дастгоҳи марказӣ насб намудани 43 адад камераҳои мушоҳидавии муосир, камераи дарёфти рақами давлатии воситаи нақлиёт, монитори калонҳаҷм ва шлагбаум қисман ба анҷом расида, корҳои дигар идома ёфта истодаанд.

Инчунин, ҷиҳати таҳти назорат қарор додани интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ, насб намдуни 44 адад камераҳои мушоҳидавии иловагӣ дар гумруку дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва Донишкадаи такмили ихтисос марҳила ба марҳила идома ёфта истодааст.

Дар доираи Созишномаи грантии №RIBS-0341TAJ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд аз 24 апрели соли 2013 бошад, оид ба татбиқи Лоиҳаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ” 172 адад дастгоҳи компютерӣ ва дар доираи ёддошти табодули байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди таҷҳизотҳои муоинаи гумрукӣ аз 13 октябри соли 2018 бошад, ба миқдори 100 адад дастгоҳи компютерӣ дар дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии гумрукӣ насб карда шуд.

Тавре аз рӯи таҳлилҳо бармеояд, тавассути истифодаи самараноки зерсистемаҳои СИАЯ аз тарафи истифодабарандагони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ оид ба декларатсияҳои бори гумрукии содиротӣ дар давраи сипаригашта, дар маҷмуъ 17897 адад, декларатсияҳои бори гумрукии воридотӣ 84289 адад ва декларатсияҳои транзитӣ 90606 ададро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ, соли 2021 тавассути СИАЯ 192 ҳазору 792 адад декларатсияи бори гумрукӣ ва декларатсияи транзитӣ барасмияти гумрукӣ дароварда шудааст.