Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 9 феврали соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» - ро қабул карданд.
Тибқи лоиҳаи Қонуни мазкур воридоти маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сўзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 барои ташаккули захираҳои давлатӣ тибқи номгўй ва дар ҳаҷми тасдиқ намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.