14 марти соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид. Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид намуданд, ки санади мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён доштанд, ҷиҳати то 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин озод намудани замини тутзор ва аз пардохти андозҳо озод намудани шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла, истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, инчунин аз пардохтҳои андозӣ ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод кардани воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо таҳия гардидааст.
Дар лоиҳаи мазкур аз пардохти андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ озод намудани қитъаҳои замине, ки барои тутзорҳо истифода мешаванд, барои зиёд намудани майдони тутзорҳо, ки ба рушди соҳаҳои пиллапарварӣ, шоҳибофӣ, атласу адрасбофӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бахусус барои занону бонувон имконият медиҳад, пешбинӣ шудааст.
Инчунин, бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз, иситфодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод карда мешаванд.
Дар баробари ин ҷиҳати иҷрои банди 16 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2022, вобаста ба пешгирии аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозии ширкатҳо тавассути бозбинии талаботи қонунгузорӣ ва дароз намудани муҳлати даъво барои аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозӣ пешбинӣ шудааст.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед ва вакили мардумӣ Гиёзода Азиз иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён доштанд, бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз, истифодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат ҷиҳати озод намудани воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз таҳия гардидааст.
Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо вобаста ба воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо ворид карда мешаванд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.