Print

Густариши ҳамкориҳои гумрукӣ миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Аз gumruktjtjtj Қисмат: Хабарҳо Hits: 1519

Санаи 12-уми марти соли 2022 Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф бо Муовини Сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон, полковник Қодиров Уткирҷон Ғайратович ва намояндагони Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот доир намуд.

 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба тақвияти робитаҳо дар низоми гумрукӣ ва мусоидат намудан дар ҳамлу нақли молу маҳсулот, инчунин боз ҳам такмил додани ҳамкориҳо дар доираи санадаҳои ба имзо расонидашудаи мақомоти гумруки ду кишвар оид ба пешбурди фаъолияти гумрукӣ баён доштанд.

Иззатулло Ҳурматзода зимни мулоқот аз номи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши кинологӣ ба роҳбарияти Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори миннадорӣ намуд.

 

Мавсуф бо изҳори қаноатмандӣ қайд кард, ки: “Ҳамкориҳои мутақобилан судманди гумрукӣ миёни ду кишвари шарики стратегӣ сол аз сол рушд карда истодааст. Бо дар назардошти ҳолати кунунии минтақа, барои пешгирии омилҳои ғайриқонунии гардиши маводи мухадир ва пеш аз ҳама баланд бардоштани нерӯи инсонӣ зарурати таъмин намудани кормандони масъул бо лавозимоти муосири корӣ, аз ҷумла мукаммалгардонидани бахши кинологӣ ба миён омадааст. Дар робита ба ин, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёр ва бозомӯзии кадрҳо дар самти кинология таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, омӯзишӣ мутахассисони соҳаи кинологияро дар дохил ва берун аз он роҳандозӣ намудааст”.

Муовини сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Уткирҷон Қодиров дар навбати худ оид ба ҳамкории муштарак миёни ду мақомот баҳои баланд дода, бо итминон таъкид дошт, ки дар оянда низ мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар сарҳадоти миёни ду давлат пурзӯр карда хоҳад шуд. Номбурда омодагии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои фаро гирифтани кинологони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил додани донишу малакаи касбӣ дар Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳор намуд.

Баъд аз ба имзо расидани Протоколи вохӯрии дуҷонибаи намояндагони гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба кормандони масъули Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар фазои тантанавӣ 10 саги кинологӣ супорида шуд.

 

Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2021 беш аз 15 нафар кинологон аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон донишу малакаи касбии хешро мукаммал гардониданд.