Рӯзҳои 21 - 22 октябри соли 2021 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2021 баргузор гардид.
Дар Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2021 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ширкат варзид.
Ҷаласаи умумиро Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин ифтитоҳ бахшида, тариқи маҷозӣ ҳозиринро хайрамақдам намуд.
Форуми мазкур аз соли 1999 инҷониб ҳамасола гузаронида шуда, ба намояндагони мақомотҳои гумрук ва соҳибкорон имконият медиҳад, ки барои мубодилаи таҷриба, муҳокимаи ташаббусҳои нав дар фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва маъмурикунонии гумрукӣ, дар як фазои хуби корӣ гуфтушунид баргузор гардид. Барномаи Форум, зиёда аз 25 чорабиниро дар бар гирифта, 17 самти муайянро ташкил медод.
Аз ҷумла, таъсиси гумруки электронӣ, фаъолияти мақомоти гумрук дар шароити пандемияи коронавирус, гумруки зеҳнӣ, истифодабарии технологияҳои информатсионӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ва ғайра.
Дар заминаи Форуми болозикр байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Илова ба Шартҳои техникии ҳамкорӣ дар самти мубодилаи маълумот байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 октябри соли 2018” ба имзо расид.
Инчунин, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судманд, дар радифи ин чорабинӣ мулоқотҳои дуҷониба бо Сардори Шӯрои марказии андозҳои ғайримустақим ва гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Ҳиндустон, Роҳбари Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Муовини якуми Сардори Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия, Муовини якуми Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар кори Форуми мазкур Роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ҷурабекзода Эраҷ, сардори КВД “Маркази равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук Файзуллозода Лочин ва сардори шуъбаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумрук, Ҳайдаров Баракатулло низ ширкат варзиданд.