ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинарӣ омӯзишӣ дар мавзӯи “Таъмини Назорати Стратегии Савдо”

Дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, БТНСС ва бо дастгирии шарикони рушд, аз он ҷумла, Барномаи Назорати Содирот ва Амнияти Сарҳадот (БНСАС) (Export Control and Related Border Security (EXBS) бо мақсади баланд бардоштани иқтидори касбӣ, мукаммал намудани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бархурдор гардидан аз таҷрибаи муосир ба кормандони Хадамоти гумрук семинарӣ омӯзишӣ гузаронида шуд.

 

Ҳадаф аз он пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти фаромарзии моддаҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ, ҳастаӣ (CBRN) ва молҳои таъиноташон ду ҳадафа буда, шуруъ аз санаи 5 то 8 октябри соли 2021 бо ҷалби мутахассисонии варзидаи СУГ ба роҳ монда шуд.

 

Дар семинарӣ омӯзишии мазкур, командон аз Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ширкат меварзанд.

 

Бояд қайд намуд, ки назорати Стратегии Тиҷорат (STC) ҷомеаро аз хариди фаромарзии силоҳҳои стратегӣ ва молҳое, ки барои таҳия ё таҳвили онҳо истифода мешаванд, муҳофизат менамояд. Бо доштани чунин салоҳиятҳо ва масъулияти беназир дар назорати фаромарзии одамон ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, мақомоти гумрук дар иҷрои STC нақши муҳимро мебозад.

 

Хадамоти гумрук, бо дарназардошти ин, зарур мешуморад, ки ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, бо ҷалби онҳо дар семинару трейнингҳои сатҳи минтақавию байналмилалии аз ҷониби СУГ баргузор намуда, диққати хоса зоҳир менамояд.

 

Маврид ба зикр аст, ки мақомоти гумрук барои роҳ надодан ба қонуншиканиҳо ва бо мақсади ҳифзи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба таври ғайриқонунии муомилоти фаромарзии моддаҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ, ҳастаӣ (CBRN) ва молҳои таъиноташон ду ҳадафа, чораҳои заруриро дар доираи салоҳияти худ меандешад.

 

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: