Print

Вохӯрии ҳайати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 625

17 сентябри соли 2021, дар толори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони масъул бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистон муовини вазири мақомоти федералии даромади Покистон Саид Муҳаммад Тариқ Худа ва Саид Ҳомид Алӣ –муовини вазири тиҷорати Покистон баргузор гардид.

 

Зимни вохурии мазкур, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, мубодилаи иттилооти гумрукӣ, баррасии лоиҳаи созишномаи тиҷорати транзитӣ ва инчунин, мубодилаи афкор дар атрофи масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ дар соҳаи гумрук, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон