Санаи 15 сентябри соли 2021 Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён бо сафари расмӣ бо ҳайати гумрукчиёни ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.
Ҳадафи сафари Сардори Хадамоти гумруки Корея ба Тоҷикистон таҳкими ҳамкории гумрукӣ бо мақомоти гумруки Тоҷикистон мебошад.
Интизор меравад, ки Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён зимни сафар ба Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Низоми идораи таваккал» ва ҳамоиши ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея иштирок намояд. Инчунин аз терминали «Дӯстӣ», воқеъ дар шаҳри Турсунзода ва дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и Душанбе боздид намуда, бо ҷараёни кори низоми идораи таваккал дар «Терминал»-и Душанбе аз наздик шинос шавад.
Ҳамзамон ҳайати гумрукчиёни Корея ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, аз ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор, мавзеи истироҳатии «Шаршара»-и шаҳри Ҳисор ва ангурбоғҳои шаҳри Турсунзода боздид менамоянд.