Print

Иштирок дар Барномаи рушди касбии СУГ дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия

Аз gumruktjtjtj Қисмат: Хабарҳо Hits: 1101

Аз 5 октябри соли 2020 то 15 июли соли 2021 сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани хадамоти гумрук, Шодиев Сафар Раҳматуллоевич дар Барномаи рушди касбии (Career Development Programme) Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук (СУГ), ки дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия қарор дорад, иштирок намуд.

 

Маврид ба зикр аст, ки Барномаи рушди касбӣ соли 2009 аз ҷониби СУГ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки Ҷопон таъсис дода шуда, бо маблағгузории охирин ҳамасола сурат гирифта, барои номзадҳои интихобгардида имконият фароҳам меорад, то ин ки дар Дафтари СУГ ба муддати даҳ моҳ кору фаъолият намоянд ва дар ин замина донишу малакаи касбии худро такмил дода, ба мутахассисони сатҳи баӣналмилалӣ табдил ёбанд ва равобити муштаракро миёни кишварҳои аъзо ва созмон рушду тавсеа бахшанд.

Ҳадаф аз таъсиси Барномаи рушди касбии СУГ, рушди ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳои аъзои Созмон буда, ба иштирокчиён имконият фароҳам меоварад, то ин ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи Котиботи СУГ ширкат варзида, дар баробари омӯзиш ва такмили тахассус, ҳамзамон аз таҷрибаи кории баӣналмилалӣ баҳраманд гарданд. Ҳамзамон, дар баробари таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни Котибот ва кишварҳои аъзои СУГ, ба фаъолияти ҳамарӯзаи он кӯмак расонида, вазифаҳои бар дӯшашон гузошташударо самаранок иҷро намоянд ва дар рушди гурӯҳи кормандони мақомоти гумруки дороӣ таҷрибаи пешқадам ҷиҳати пешбурди фаъолияти гумрукӣ саҳми худро гузоранд.

 

Илова бар ин, Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук баҳри такмил ва рушди донишу малакаи кормандони мақомоти гумруки кишварҳои аъзо кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои омӯзиширо ташкил намудааст, ки Барномаи идрорпулӣ (Fellowship Programme) аз қабили онҳо мебошад. Дар Барномаи мазкур кормандони гумрук ҳамасола ба муддати чил рӯз ба омӯзиш фаро гирифта шуда, аз таҷрибаи пешқадами баӣналмилалӣ бархӯрдор гардида, минбаъд дониши андӯхтаи худро ҷиҳати пешбурди фаъолияти гумрукии кишварҳои аъзо дар амал татбиқ менамоянд.

Инчунин, ба давлатҳои рӯ ба рушд баҳри таҳсил дар зинаи магистратура дар ду донишгоҳи Ҷопон ҳамасола бурсияҳо ҷудо мегарданд. Аз ҷумла, донишҷӯён метавонанд дар Донишгоҳи Аояма Гакуии (Aoyama Gakuin University), ки дар шаҳри Токио қарор дорад, тибқи барномаи Идоракунии Стратегӣ ва Ҳуқуқҳои Моликияти Зеҳнӣ (The Strategic Management and Intellectual Property Rigts Program) таҳсили худро идома бахшанд. Институти Миллии Баъдидипломӣ оид ба Сиёсатшиносӣ (National Graduate Institute for Policy Studies) бошад, тибқи барномаи молияи давлатӣ (Public Finance Program) шунавандагонро ба муддати як сол ба таҳсил фаро гирифта, дар охир бо дипломҳои магистрӣ сарфароз мегардонад. Иштироки фаъолона дар барномаҳо ва курсҳои омӯзишии СУГ ба мукаммал гардидани донишу таҷрибаи мутахассисон замина гузошта, самаранокии фаъолияти мутахассисонро дар мақомоти гумрук кафолат медиҳад. 

Қобили зикр аст, ки СУГ аз 183 давлатҳои аъзо иборат буда, дар навбати худ ба шаш минтақа ҷудо мешавад. Минтақаҳои Амрикои Ҷанубӣ, Амрикои Шимолӣ, Амрикои Марказӣ ва баҳри Қариб (33 кишвар), Аврупо (53 кишвар), Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ (24 кишвар), Шимоли Африқо, Шарқи Наздик ва Ховари Миёна (18 кишвар), Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ (23 кишвар), Шарқи Дур, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Австралия ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором (33 кишвар)-ро дар бар мегирад.

Кӯшишҳои СУГ ба сода ва стандартикунонии фаъолияти гумрукӣ дар мақомоти гумруки кишварҳои узв равона карда шудааст. Ташкилот Конвенсияҳо, стандартҳо ва барномаҳоро дар самти пешбурди фаъолияти гумрукӣ тарҳрезӣ намуда, ба давлатҳои аъзо пешниҳод менамояд, ки онҳо дороӣ характери тавсиявӣ буда, ба содагардонии расмиёти савдо ва инчунин, баҳри дар якҷоягӣ гузаронидани назорати самараноки гумрукӣ равона карда шудааст.

Ҳамасола аз миёни довталабони зиёде, ки аз ҷониби кишварҳои рӯ ба рушди аъзои СУГ баҳри иштирок ва таҷрибаомӯзӣ дар Барномаи мазкур пешниҳод мегарданд, ҳамагӣ даҳ нафар кормандони мақомоти гумрук барои иштирок роҳхат мегиранд. Зикр бояд кард, ки аз лаҳзаи ба роҳ мондани Барнома, зиёда аз 70 нафар кормандони гумруки кишварҳои мухталифи рӯ ба рушди шаш минтақаи СУГ ба он ҷалб карда шудаанд. Инчунин, ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар даврони Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид, ки намояндаи худро ба Барномаи мазкур равон намояд.

Барнома барои кишварҳои аъзои СУГ ҳамчун механизм барои боз ҳам фаъолона иштирок варзидан дар фаъолияти СУГ хизмат карда, ҷиҳати аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, ба ғайр аз ду забони кории Созмон - англисӣ ва фаронсавӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

 

Дар доираи Барнома барои солҳои 2020-2021, ки моҳи октябри соли 2020 оғоз ёфт, даҳ корманди гумрук аз кишварҳои Коста-Рика, Урдун, Ҷумҳурии Демократии Конго, Непал, Филиппин, Сан-Томе ва Принсип, Сербия, Тоҷикистон, Танзания ва Замбия интихоб гардида, ба Директоратҳои Созмон муваззаф гардиданд. Ба гурӯҳи навбатӣ имкон фароҳам омад, то ин ки дар кори Котиботи СУГ ва дар баррасии як қатор лоиҳаҳо ва чорабиниҳо ширкат варзанд. Иштироки онҳо ба аъзои СУГ имкон дод, ки иртиботро бо Котибот густариш диҳанд.

Қобили зикр аст, ки сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани хадамоти гумрук, Шодиев Сафар ба ҳайси мутахассиси касбӣ (Professional Associate) ба Директората мутобиқат ва мусоидат (Compliance and Facilitation Directorate) таъин гардид.

Директората мазкур таҳияи стандартҳо ва тавсияҳои байналмилалиро, ки масъалаҳои пешбурди фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла Конвенсияи таҷдиди назаршудаи Киото (Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ) (Revised Kyoto Convention), Барномаи меркатор (Mercator Programme), Модели СУГ оид ба ҷамъовари маълумот (WCO Data Model), Тавсияҳо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон (Customs-Business Partnership Guidance), Тадқиқи вақти иҷозати мол дар таҳрири нав 3 (Time Release Study Guide Version 3), Истифодабарии технологияҳои муосир (Disruptive Technologies), Бастаи тиҷорати электронӣ (Е- Commerce Package) ва Чаҳорчӯбаи бехатарии стандартҳои амният (SAFE Framework of Standards)-po ба танзим медарорад, ки онҳо ба содагардонии савдои ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.

 

Ҳамзамон, тибқи муқаррароти Барнома ба Шодиев Сафар Раҳматуллоевич муяссар гардид, ки таҳти роҳбарии мураббии ҷопонӣ, хонум Сатоко Кагава дар баргузории семинару конфронсҳои сатҳи минтақавию баӣналмилалӣ, ки СУГ баргузор менамуд, иштирок намуда, маъруза ва рӯнамоиҳои худро манзури аҳли нишаст гардонида, забони фаронсавиро низ аз худ намояд. Ногуфта намонад, ки қисмати муҳими Барнома, бурдани кори илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯи муайян мебошад, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Созмон ба шумор меравад.

Дар доираи омӯзиш ба мутахассисони касбӣ шароит фароҳам оварда мешавад, то ин ки бо назардошти мушкилиҳои мубрами мақомоти гурмуки кишварҳои аъзо корҳои илмии худро таҳия ва баҳри ҳаллу фасли онҳо пешниҳодҳои мушаххас до да шаванд.

Дар ин раванд, Шодиев Сафар Раҳматуллоевич мавзӯи "Рушди тиҷорати электронӣ дар Осиёи Марказӣ: Аз нуқтаи назари гумрукӣ"-ро интихоб намуда, паҳлуҳои рушди ин низоми нави тиҷоратро дар чаҳор минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор дода, кори илмии худро дар назди роҳбарияти Созмон бомуваффақият дифоъ намуд.

Натиҷаи таҳлилҳо нишон дод, ки чаҳор кишвари ҳамҷавор дар пешбурду рушди тиҷорати электронӣ дар сатҳи гуногуни татбиқ ва рушд қарор дошта, дар самти қонунгузорӣ, равандҳои наздисарҳадӣ ва идоракунии хавфҳо сатҳи гуногуни омодагиро доро мебошанд.

Бинобар ин, қисмати муҳими ин навъи тиҷорат рушди босуръати интернет, дастрасӣ ба пардохти электронӣ ва низоми бонкии онлайниро тақозо менамояд. Дар робита ба ин, таҷрибаи пешқадами давлатҳои аъзо ва тавсияҳои СУГ, ки бевосита ба пешбурди тиҷорати электронӣ бахшида шудааст, таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тавсияҳо барои рушди ин навъи тиҷорат дар кишвари азизамон - Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Яъне, дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро мадди назар гирифта, ин навъи тиҷоратро, ки бо суръати баланд инкишоф ёфта истодааст, дар қаламрави кишварамон рушд дода, барои устувории иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем.

Бо вуҷуди ин, масъалаҳои гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Созмонҳои байналмилалӣ, бахусус СУГ таҳия ва пешниҳод мегарданд, татбиқи онҳо саривақтӣ буда, ба гардиши тиҷорати электронӣ ва ниҳоят ба ғанӣ гардонидани буҷаи давлат саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

"Бо мақсади такмили саривақтии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқат намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ, иштироки минбаъдаи намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабиниҳои ояндаи СУГ бамаврид мешуморам. Зеро, ки пешрафти ҳар як кишвари дунё, пеш аз ҳама, аз нерӯи тавоно ва иқтидори зеҳнии насли ояндасози он маншаъ мегирад. Аз ин лиҳоз, таклиф менамоям, ки ҳамкориҳои судмандро бо СУГ дар самти баланд бардоштани иқтидори касбӣ дар доираи ҳама гуна барномаҳои созмон, ки мақсад аз онҳо такмил додани донишу малакаи кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, боз ҳам фаъол карда шавад.

 

Дар ин радиф, ҷиҳати ҳимояву сазовор муаррифӣ намудани кишвари азизамон дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус дар доираи СУГ ва ҷалби сармояи хориҷӣ таклиф менамоям, ки намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук таъсис дода шавад, чунки дар татбиқи стандартҳои байналмилалӣ ва навсозии қонуну қоидаҳои дохилӣ дар самти содагардонӣ ва пешбурди тиҷорати хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ақибмонӣ ба назар мерасад. Намояндагӣ пайваста аз таҷрибаи пешқадами давлатҳои аъзо бархӯрдор гашта, баҳри истифодабарии онҳо дар кишварамон саҳми босазоеро мегузорад.

Дар зимн таҷрибаи муосир ва дониши аз худ намудаамро пайваста ба кормандони ҷавони мақомоти гумрук омӯзонида, дар пурра мутобиқ гардонидани самтҳои фаъолияти гумрукӣ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷахду кушиш менамоям"- мегӯяд зимни суҳбат сарнозири Раёсати ҳамкориҳои баӣналмилалии гумрукӣ, капитани хадамоти гумрук, Шодиев Сафар Раҳматуллоевич.