ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семенар оид ба содагардонии расмиёти савдо бо назардошти ҷавобгӯи гендерӣ

10 августи соли равон дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук семенар дар мавзӯи «Содагардонии расмиёти савдо бо назардошти ҷавобгӯи гендерӣ: тренинг барои кормандони мақомотҳои назорати сарҳадӣ» баргузор гардид.

  

Барномаи семенар аз мавзӯъҳои “Баробарии гендерӣ ва занон дар тиҷорати наздисарҳадӣ: Имкониятҳо ва мушкилот” ва “Нақши хизматчиёни давлатӣ дар таъмини уствории тиҷорати байнисарҳадии бо назардошти омилҳои гендери” буда, ҳадафҳои омӯзиши семенар аз “Муайян намудани равандҳои афзалиятноки мусоидат ба тиҷорат, ки онҳо тавонанд барои дастгирии иштироки занон дар тиҷорат пешниҳод карда шаванд”, “Омӯзиши чораҳое, ки мақомоти давлатӣ метавонанд барои ҳалли мушкилоти занони соҳибкор роҳандози намоянд” ва “Таҳияи нақшаи амалҳо оид ба татбиқи қарорҳои баррасишуда дар амалия” иборат буд.

 

 

 

Маврид ба ёдоварист, ки семенари мазкур аз ҷониби Маркази савдои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Ready4Trade Центраная Азия” баргузор гардид.

 

 

Дар кори он кормандони касбу кори гуногун аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: