Print

Ҳамоиши ҷавонони мақомоти гумрук баргузор шуд

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 622

Имрӯз Ҳамоиши ҷавонони мақомоти гумрук таҳти унвони:“Нақши ҷавонони мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Ҷамъомади мазкур аз ду қисмат: намоиш ва ҳамоиш иборат буда, бо пазироии меҳмонон аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Иштирокдорон зимни намоиш дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бо техникаву воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва тартиби истифодабарии онҳо дар рафти машғулиятҳои тахассусӣ ошно гардиданд.

 

 

 

 

 

 

Қисмати дуввуми ҳамоиш дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон идома ёфт, ки бо сухани ифтитоҳии муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук – Турсунзода Азим Ҳайдар оғоз гардид.

 

 

 

 

 

 

Номбурда ҳозиринро ба ҷамъомад хайрамақдам гуфта, бо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфт. Сипас сухан ба Назарзода Ризо Шодӣ - муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Раиси иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки бевоситаи ташаббускори ҳамоиш маҳсуб меёбад, дода шуд. Мавсуф аз рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, мақомоти гумрук давоми 30 соли Истиқлолият ва саҳми мақомоти гумрук дар таъмини иқтисодиёти мамлакат ибрози андеша намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамчунин, вобаста ба мавзӯъҳои гуногун аз ҷониби кормандони ҷавони мақомоти гумрук ва собиқадорони он, маърӯзаҳо пешкаши ҷамъомадагон гардонида шуд. Зимни суханронӣ ҳар кадоме аз онҳо аз пешрафту нумӯи Тоҷикистон давоми 30 соли Истиқлолият тавсиф намуда, сами мақомоти гумрукро дар ин самт назаррас арзёбӣ намуданд.

 

 

 

 

 

 

Қабл аз анҷоми ҳамоиш муроҷиатномаи ҷавонони мақомоти гумрук бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, аз ҷониби намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони фаъоли мақомоти гумрук сипосномаҳо барои иштироки фаъолона дар чорабинӣ ва саҳми назаррасашон дар мақомоти гумрук супорида шуд.

 

 

 

 

 

 

Ҳамоиши ҷавонони мақомоти гумрук таҳти унвони: “Нақши ҷавонони мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ” бо барномаи рангини фарҳангӣ зери навои суруду мусиқӣ хотима ёфт.