ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории мизи мудаввар дар ДТИ

25 июни соли равон дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук мизи мудаввар дар мавзӯи «Саҳми имтиёзҳои тарифии гумрукӣ дар рушди соҳибкории истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи имрӯза ва имкониятҳои рушди иқтидори содиротии кишвар дар шароити ноустувори иқтисодиёти ҷаҳон» баргузор гардид. Дар кори он олимону муҳаққиқони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва кормандони касбу кори гуногун аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

 

Зимни баргузории чорабинӣ омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар вобаста ба мавзӯи мазкур маърузаҳои хешро қироат намуда, саҳми имтиёзҳои тарифии гумрукӣ дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва вазъи имрӯзаву имкониятҳои рушди иқтидори содиротии кишварро дар шароити ноустувори иқтисодиёти ҷаҳон мавриди таҳлили амиқ ва баррасӣ қарор доданд.

 

Ҳамчунин, иштирокчиёни мизи мудаввар дар робита ба беҳтар намудани самти мазкур таклифу пешниҳодҳои хешро ироа намуданд. Аз ҷониби муовини сардори донишкада ва низ сардори кафедраи “Ташкили назорати гумрукӣ ва информатика”-и Донишкадаи такмили ихтисос, Кабиров С.Ҳ. пешниҳод гардид, ки назорати баъди барасмиятдарории гумрукии молҳои аз имтиёзҳо бархурдорбуда такмил дода шуда, самаранокии имтиёзҳои мазкур ба рушди иқтисодиёти кишвар таъмин карда шавад, таҳлили вазъи имтиёзҳои додашуда, ки 77,3% молҳои воридотиро дар кишвар ташкил дода, ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ равона шудаанд, бо истифода аз усулҳои хоси танзими фаъолияти савдои хориҷӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук ба роҳ мондани вазифаи протексионистӣ ва чораи либералӣ (озод) роҳандозӣ гардад ва дар сохтори Агентии содироти кишвар раёсати дахлдор оид ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар таъсис дода шуда, бо ин восита ба самтҳои афзалиятноки соҳибкории истеҳсолии ба содирот нигаронидашуда имтиёзҳо амалӣ гарданд ва рушди содироти кишвар аз ҳисоби имтиёзҳои додашудаи ин самт таъмин карда шаванд.

 

Дар ин росто, нозири калони Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумрук - Зафари Саидқул изҳори назар намуда, пешниҳоди хешро ироа намуд.

 

- Имтиёзҳои тарифию гумрукие, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар пешниҳод карда мешаванд, бояд хусусияти умумӣ дошта бошанд, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор самаранокии имтиёзҳои додашуда таъмин гарданд ва воридоти воситаҳои нақлиёти тавассути қувваи барқ ҳаракаткунанда аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда шаванд, - иброз дошт номбурда.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ суолу ҷавоб миёни иштирокчиёну маърузачиён доир шуд. Ба хотири баланд гардидани донишу малакаи касбии кормандон таклиф гардид, ки баргузории ингуна чорабиниҳо бештар карда шавад.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: