Print

Ваҳдат-бақои давлат

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 511

Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падидаи нодиру пурарзиши таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самараи ҷаҳду талошҳои созандаи фарзандони бонангу номуси тоҷик буда, ҳар сол дар фазои орому осуда таҷлил мегардад.

Ба ифтихори ин ҷашн ҳамаи шумо-ҳамкорону ҳамкасбонро табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар кадоматон осоишу хушбахтӣ орзу мекунам.

Аҳамияти бузурги оштии миллии тоҷикон маҳз дар он ифода меёбад, ки бори нахуст таҳти раҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеаи ҷаҳон модели нави ҳалли моҷароҳо пешниҳод гардид.

Халқи тоҷик тавонист дар сарнавишти миллат дигаргуниҳои зиёдеро дар мавриди худшиносиву худогоҳии миллӣ ба вуҷуд орад. Дастоварди бузургтарини мо дар ин давра барқарор намудаи сулҳи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми тоҷик муяссар шуд.

Ин аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонаигии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳам- мулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо ва дину оину фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд. Андешаи сулҳу ваҳдат ва фалсафаи таҳаммулгароӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддас табдил ёфтаанд, ки ба ҷисму равонамон сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу одоб, фарҳангу маданият ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд.

  Мақсаду мароми ҳар як давлати муосир ва миллати соҳибтамаддун дар заминаи пойдории сулҳу субот сохтани ҷомеае мебошад, ки дар он эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал буда, амалишавии онҳо кафолат дода мешавад. Воқеан, қабули Конститутсия нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имкон дод, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташаккул ёфта, асосҳои рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд оварда шавад.

  Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақшаҳои азими рушд тарҳрезӣ шуда, баҳри амалӣ гардидани онҳо то имрӯз корҳои бузурге анҷом ёфтаанд.

  Дар ин замина, давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои аввалиндараҷаю афзалиятнок: истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ, раҳо кардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнити озуқавории мамлакат ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян карданд.

  Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризо-ияти миллӣ, инчунин, қимати сулҳу субот ва ваҳлдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем, зеро маҳз аз баракати он мо тавонистем Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардумро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем. Бо шарофати сулҳу субот ва ваҳтат мо тавонистем дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, нуфузу эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд бардорем.

Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи худ қарор додааст, тамоми дастовардҳоро ба мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем. Зеро маҳз аз шарофати сулҳу оромӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дигаргуниҳои кулӣ ба вуқуъ пайвастанд, яъне сулҳи бадастовардаамон имкон дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ қадами устувор гузошта шавад.

Имрӯз ҳар як фарди бонанги ҷомеа бояд дарк кунад, ки агар дар мамлакат сулҳу субот пойдор бошад, тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ тадриҷан роҳи ҳалли худро меёбад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша манфиати Ватан, давлат ва миллати худро аз ҳама боло гузошта, ҷиҳати рушду ободии Тоҷикистон саъю талош намоем.

Андешаи миллатсози ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ меорад, ки қабл аз ҳама, моҳияту мафҳуми ватану ватандорӣ, қадру манзалати Истиқлоли давлатӣ, худшиносиву ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як сокини мамлакат ҷой гирад.

Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: “Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти Истиқлолият бояд маҳз Ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолро бо ваҳдат ва Ваҳдати миллиро бе Истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад”.

Махсус таъкид мекунам, ки музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ то ба имрӯз бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад.

Воқеан, дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит кард, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳасосу фоҷиабор аз зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд, ки инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар дилу дидаи мардум шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд. Ҳамин гуна шахсияти шуҷову қавиирода барои миллати бофарҳанги ҷомеа маҳз дар симои Эмомалӣ Раҳмон зуҳур намуд. Падид омадани чунин шахсияти барҷаставу нотакрор бахти тоҷикон буд.

Хотирнишон месозам, ки танҳо ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамҷонибаи ҷомеа буда метавонад. Умуман, агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими истиқлолу ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузошта, дар атрофи давлати миллӣ муттаҳид шавем, пас, метавон гуфт, ки чун миллати воҳид бо асолату фарҳанг ва симои хоси худ миёни давлатҳои мутамаддину мутараққии ҷаҳон мавқеи сазоворро пайдо хоҳем кард.

Итминон дорам, ки ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамчун сарчашмаи иқболи тоҷикон, бегазанду ҷовидон боқӣ мемонад ва роҳи моро ба сӯи амалисозии ҳадафҳоямон равшан нигоҳ медорад.

Шуморо, ҳамкасбони азиз, бори дигар бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, бароятон хонаободию тансиҳатӣ, сарбаландию некномӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулиятаттон муваффақиятҳо таманно мекунам.

Иди Ваҳдати миллӣ муборак!