Print

Насби таҷҳизот дар дидбонгоҳ

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 739

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бартараф сохтани монеаҳои мавҷуда дар самти баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гумрукӣ ва соддагардонии расмиёти савдо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида, корҳои муайянеро ба сомон расонида истодааст.

 

 

 

 

Яке аз роҳҳои соддагардонии расмиёти савдо ва самаранокии фаъолияти гумрукӣ бо таҷҳизотҳо таъмин намудани дидбонгоҳҳои гумрукӣ мебошад. Дар ин самт муҷҷаҳазгардонии таҷҳизот дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ ба роҳ монда шуд, ки воситаҳои техникии назорати гумрукӣ соли 2020 ҳамчун кумак аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин вориди Тоҷикистон гардида буданд. Вале бинобар сабаби авҷ гирифтани пандемия (COVID-19) насбу васл намудани онҳо мавқуф гузошта шуда буд.

 

 

Пас аз як каме ба эътидол омадани вазъ, сар аз моҳи апрели соли ҷорӣ мутахассисони чинӣ ба хотири ҷобаҷогузорӣ ва омӯзонидани тарзи истифодабарии онҳо ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Айни ҳол таҷҳизоти мазкур дар дидбонгоҳҳои муайяншуда васл гардида, пурра ба фаъолият оғоз намудаанд, ки ин имкон фароҳам меорад, то барасмиятдарории гумрукӣ содда гардонида шуда, вақти баррасмиятдарории гумрукӣ дар мақомоти гумрук кам карда шавад.

 

 

 

Ёдрас мешавем, ки мубодилаи ёддоштҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба пешниҳоди кумакҳои техникӣ (таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ) 13 октябри соли 2018 аз ҷониби сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи масъули Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расида буд.

 

 

  

Пешниҳоди кумакҳои техникӣ дар самти воситаҳои техникии назорати гумрукӣ аз 8 (номгӯй) иборат буда, маблағи он 210 миллиону 840 ҳазор юан ва ё 31 миллиону 5 ҳазору 882 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Чораҳои андешидашуда дар ин самт имконият фароҳам меорад, ки ба қайд гирифтани молу воситаҳои нақлиётӣ сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода шавад. Ҳамчунин, садди роҳи интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулот мегардад.