Print

Машварати кории онлайнӣ баргузор шуд

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 598

2 июни соли ҷорӣ миёни хадамотҳои гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ машварати кории онлайнӣ доир гардид, ки намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар рафти баргузории он ширкат доштанд.

 

Машварати мазкур аз ҷониби Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, ки рафти баргузории он зимни доир шудани ҷаласаи минтақавии кумитаҳои миллии мусоидат ба расмиёти савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ (рӯзҳои 14-15 апрели соли 2021), матраҳ гардида буд.

Дар ҷараёни мулоқот пешниҳод шуда буд, ки вохӯрӣ миёни кормандони мақомотҳои гумруки кишварҳои ҳамсоя барои додугирифти маълумот ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавассути вебсайтҳои мақомотҳои гумрук дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин робита чунин як машварати кории онлайнӣ баҳри муаррифии муфассал ва баррасии ташабусҳо бо иштироки намояндагони хадамотҳои гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ наздики 2 соат идома ёфт.

Ташкили ҳамкорӣ дар самти мубодилаи иттилоот миёни дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳадии давлатҳои ҳамсоя бо мақсади ҳамкории муассир байни хадамотҳои гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот барои иштирокчиёни савдои хориҷӣ аз масъалаҳои умдаи машварат ба ҳисоб мерафтанд.

Дар анҷоми баргузории гуфтугузори онлайнӣ ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки минбаъд саҳифаи алоҳидаи дорои маълумот барои тоҷирон дар самонаҳои мақомоти гумрук бо истинод ва гузариш ба вебсайтҳои мақомотҳои гумруки кишварҳои дигари минтақа роҳандозӣ карда шавад.