Print

Конфронси 5 Ассотсиатсияи брокерони гумрукӣ доир шуд

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 633

Ассотсиатсияи брокерҳои гумрукии чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дастовардҳои худро дар соли 2020 ва нақшаи ҳамкориҳои минбаъдаро зимни Конфронси 5 – уми минтақавӣ, ки 24 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Дар кори Конфронс Президенти Ассосиатсияи брокерони гумрукии Қирғизистон – Иван Гелетюк, намояндаи Ассосиатсияи брокерони гумрукии Қазоқистон – Геннадий Шестаков, намояндаи Ассосиатсияи брокерони гумрукии Ӯзбекистон – Арсен Айрапетянс, намояндаи Ассосиатсияи брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фирӯза Маҳмудова, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сулҳия Мирзошоева ва Алиҷон Алиев, мутахассиси пешбар дар самти мусоидат ба савдои лоиҳаи Ready4Trade Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ҳар кадоме аз иштирокчиён аз таҷрибаи фаъолияти гумрукии кишварҳои хеш изҳори андеша намуда, қайд карданд, ки мақомотҳои гумруки ҳар кадоме аз ҷумҳуриҳои аъзо дар доираи салоҳияти худ ҳамкориро бо субъектҳои иқтисодии ҳориҷӣ тақвият бахшида, риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт мутобиқи Кодекси гумрукӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳуриҳо таъмин менамоянд.

Тавре Сулҳия Мирзошоева, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд, бо назардошти вазъи кунунии иқтисоди кишвар ва уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи равандҳои ҳамгироӣ ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳот ворид карда шуд.

 

Ба иттилои номбурда ин тағйироту иловаҳо имкон фароҳам меоранд, ки Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мувофиқ карда шавад, инчунин мутобиқати пурраи муқаррароти Кодекси гумрук ба талаботи Конвенсияи Киото дар бораи содда ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва муқаррароти Кодекси гумрук ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро таъмин менамояд.

 

Дар охири кофронс масъалаҳои зерин аз қабили таҷрибаи ҷумҳуриҳо дар соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва тиҷоратӣ, аҳамияти соддагардонии расмиёти гумрукӣ дар давраи баъди пандемия, мушкилот дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳалли он, ташаккул ва нигоҳ доштани рейтингҳои миллии брокерҳои гумрукӣ ва намояндагон, ташкили платформаҳои таълимиву мубоҳисавӣ барои аъзоёни ассотсиатсияҳо, гумрук ва дигар шахсони мансабдори ҳукумат, мубодилаи дониш ва таҷриба барои мусоидат ба тиҷорат дар минтақа бо дастгирии Маркази тиҷорати байналмилалӣ ва ташкили Конфронси навбатии 6- уми Ассотсиатсияҳои брокерҳои гумрукии Осиёи Марказӣ муҳокима гардиданд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон