Санаи 21 майи соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Роҳбари Хадамоти гумруки Корея ҷаноби Лим Ҷае Ҳён сурат гирифт.
Дар мулоқот, ҷонибҳо атрофи таҳкими ҳамкориҳои мутақобиланд судманди ду кишвар дар соҳаи гумрук сухан ронда, вусъат бахшидани корҳоро дар ин самт миёни мақомоти гумруки Тоҷикистону Корея зарур донистанд.