Print

Ифтитоҳи ду дафтари ҳамкории сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 628

18 майи соли 2021 маросими расмии ифтитоҳи ду дафтари ҳамкории сарҳадӣ (ДҲС) дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳани «Пахтаобод» (Тоҷикистон) ва «Кудуклӣ» (Ӯзбекистон) дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ аз ҷониби намояндагии минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфтанд.

Маросими ифтитоҳи ДҲС-ҳо дар «Пахтаобод» ва «Кудуклӣ» баргузор гардид ва дар рафти он санадҳои қабул ба имзо расиданд.

«Таъсиси дафтари ҳамкории сарҳадӣ дар гузаргоҳи сарҳадии истгоҳи роҳи оҳани “Пахтаобод” ҷузъи навбатии системаи умумии ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад. Фаъолияти он ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байниидоравӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Мо ба Ҳукумати ИМА ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои дастгирии татбиқи ин ташаббус ва ҳамкорӣ дар таъмини амнияти сарҳад изҳори сипос мекунем», - қайд намуд полковник Раҷабзода Насимҷон Холмурод, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ.

«Фаъолияти барнома оид ба таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ бо сохтани бино ва таъмин намудани таҷҳизот маҳдуд намешавад. Барнома ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои фаромарзӣ, ки барои ҳифзи бомуваффақияти сарҳад заруранд, фаъолона саҳм мегузорад. Дафтарҳои ҳамкории сарҳадии дар “Пахтаобод” ва “Кудуклӣ” таъсисёфта аввалин дафтарҳое мебошанд, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ ҷойгиранд. Бо кушодашавии онҳо марҳилаи нави фаъолияти барномавӣ оғоз меёбад», - гуфт Сита Фаррелл, директори Шӯъбаи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти Давлатии Ҳукумати ИМА дар Душанбе дар сухани ифтитоҳии худ.

«Истифодаи имконоти ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ДҲС самаранок аст. Ҳар як идора салоҳиятҳои гуногун ва иттилооти мухталиф дорад. Ҳамкорӣ байни ҳамаи мақомот сифати корро баланд намуда онро босамар мегардонад. Дафтарҳо ин ҳамкориро имконпазир ва муассир месозанд», - илова намуд хонум Фаррелл.

Ашита Миттал, намояндаи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, шарикони миллиро бо ифтитоҳи аввалин дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳан дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон табрик намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки фаъолияти ин дафтарҳо ба таҳкими амнияти сарҳад ва ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

«Лоиҳаи таъсиси чунин дафтарҳо бунёди механизмеро дар назар дорад, ки тавассути он хадамоти сарҳадии кишварҳои ҳамсоя метавонанд иттилооти стратегии марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам фаромарзӣ табодул намоянд. Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ тақвияти иқтидори дафтарҳои ҳамкории сарҳадиро дар Осиёи Марказӣ дар доираи барномаи худ барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2021-2025 бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои фаромарзӣ, аз ҷумла дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, идома хоҳад дод», - гуфт хонум Ашита Миттал дар сухани ифтитоҳии худ.

«Бояд қайд кард, ки дар шароити кунунӣ дафтарҳо воситаи тақвияти ҳамкории байниидоравӣ ва фаромарзӣ мебошанд. Ташаббуси кушодани дафтарҳои сарҳадӣ таъсиси механизми беназири мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро пешбинӣ мекунад. Умедворам, ки дар оянда ин дафтарҳои навтаъсисёфта дар таҳкими амнияти сарҳадӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳанд гузошт», - гуфт Уткир Қодиров, муовини раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маросими кушодашавии ДҲС дар «Кудуклӣ».

Таъсиси ДҲС-ҳо дар як қатор гузаргоҳҳои сарҳадии Осиёи Марказӣ ба ташаккули заминаи ҳамкориҳои минбаъдаи самарабахши байниидоравӣ ва фаромарзӣ, инчунин табодули иттилоот барои муборизаи самаранок бо ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, мусоидат мекунад. ДҲС-ҳо ҳамзамон ба густариши тиҷорати қонунии байналмилалӣ мусоидат мекунанд. То имрӯз 19 ДҲС дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, Ӯзбекистону Афғонистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистону Тоҷикистон, Қирғизистону Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Қазоқистону Ӯзбекистон, таъсис дода шудаанд. ДҲС-ҳо дар доираи лоиҳаи «Мубориза бо гардиши ғайриқонунии афюни афғонӣ, бо роҳи пурзӯр кардани иқтидори гузаргоҳҳои калидӣ ва таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ»-и зербарномаи 1 «Мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии терроризм»-и Барномаи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ, таъсис дода мешаванд. Ҷонибҳои манфиатдор дар ин лоиҳаи аввалини таъсиси ДҲС дар Осиёи Марказӣ хадамоти сарҳадӣ ва гумрукӣ, инчунин мақомоти назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазоратҳои корҳои дохилии ҳар яке аз кишварҳои ширкаткунанда мебошанд.

Ташаббуси таъсиси ДҲС-ҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳани «Пахтаобод» ва «Кудуклӣ» дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ҷониби Шӯъбаи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти Давлатии Ҳукумати ИМА (INL) маблағгузорӣ шудааст.

www.unodc.org/centralasia/