Санаи 17 майи соли 2021 Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишномаи лоиҳавӣ байни Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Мактуб-созишномаи Гранти Фонди бисёрҷонибаи трастии донории Барномаи рушди роҳҳо, алоқа ва савдо дар Осиё барои Лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4 ба имзо расонида шуд.
Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Хуршед Каримзода - сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор - Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ян Питер Олтерс – Намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардиданд.
Маблағи умумии Лоиҳа 132,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра дар шакли грант пешниҳод гардидааст, ки татбиқи он соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи лоиҳаи мазкур, қисмати 3-аш ба “Содагардонии интиқоли байнисарҳадии мол ва мусофирон” бахшида шудааст, ки маблағи 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд.
Қисмати болозикр, ба навсозӣ, бозомӯзии кадрҳо, содагардонии расмиёти савдо, ҷиҳозонидани воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук бо таҷҳизотҳои техникии муосир ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти гумрукӣ нигаронида шудааст.
Ҳадафи асосии Лоиҳа ин баланд бардоштани самаранокии савдои байнисарҳадӣ миёни иштирокчиёни иқтисодиёти минтақавӣ, устуворӣ ба хатарҳои табиӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар минтақаи Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки маблағҳои ҷалбшуда барои барқарорсозии қитъаҳои роҳҳои автомобилгард дар вилояти Суғд (Куруш-Бекобод 12,3 км, Деҳмой-Ғафуров 21,9 км, Ғафуров-Хистеварз 6,3 км, Кучкак-Конибодом 10 км) ва ВМКБ (пул дар ш.Хоруғ 1,1 км ва нақб дар мавзеи Барсем 3,2 км), нигоҳдории дороиҳои роҳ, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, содагардонии интиқоли байнисарҳадии бор ва мусофирон равона мегардад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон