Print

Кормандони нав ба курси тайёрии ибтидоӣ фаро гирифта шуданд

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 648

Ба хотири мукаммал гардонидани сатҳи донишу малакаи тахассусии кормандони мақомоти гумрук нафароне, ки ба тозагӣ шомили мақомот шудаанд, ба курси омӯзишӣ ҷалб гардиданд.

Машғулиятҳои омӯзишӣ аз 29 март то 22 апрели соли 2021 дар Донишкадаи такмили ихтисос доир гардида, ба онҳо истифодабарии дастгоҳи компютерӣ, Дастгоҳи ренгении Rapiskan, Портали монитори радиатсионӣ ва Дастгоҳи фулузотҷӯяк (металодетектор) омӯзонда шуд.

 

Ҳамчунин Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар ин росто, гумрукчиён оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм, Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмуриӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мафҳум ва моҳияти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Хадамоти гумрук «Дар бораи таснифот ва номгӯи маълумоти меъёрию иттилоотие, ки бо мақсадҳои гумрукӣ истифода бурда мешаванд» ва «Дастурамал оид ба тартиби пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва декларатсияи транзитӣ» маълумот муфассал дастрас намуданд. 

Ба таълимгирандагон дар баробари устодони донишкада инчунин мутахассисон ва коршиносони АВВАТ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот дарс гуфтанд.

Шунавандагон аз таърихи ташакул ва рушди мақомоти гумрук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои асосии мақомоти гумрук, ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони мақомоти гумрук, барасмиятдарории мол ва воситаҳои нақлиёт, мафҳум ва шаклҳои назорати гумрукӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ, низомҳои гумрукӣ ва доираи истифодабарии онҳо, усулҳои муайян намудани арзиши гумрукии мол, тартиби саффороӣ (қадамзанӣ), муайян кардани рамзи мол ва кишвари истеҳсоли мол, омӯзиши воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва омӯзиши коргузории электронӣ ва тартиби ҳисоб кардани пардохтҳои электронӣ низ бархурдор гардиданд.

 

Ба хотири дар амалия татбиқ намудани дарсҳои назариявӣ гумрукчиён дарсҳои амалиро дар бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук оид ба коргузории элетронӣ ва тартиби ҳисоб намудани пардохтҳои электронӣ, СИАЯ-и Хадамоти гумрук, дидбонгоҳи гумрукии «Айнӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи такмили ихтисос гузаронида шуда, ба онҳло тартиби истифодабарии Дастгоҳи ренгении «Рапискан» дар тарҳ (макет)-и майдони ҳавоӣ ва дигар таҷҳизотҳои дастаи СТ-30 омӯзонида шуд.

 

Дар фарҷоми курси омӯзишӣ ба 19 нафар кормандони мақомоти гумрук, ки аз Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ҷалб гардида буданд, пас аз супоридани имтиҳон “Шаҳодатнома” тақдим карда шуд.

 

  Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон