Print

Курси омӯзишӣ ба кормандони нав ба кор қабулшуда

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 264

Аз 1 то 25 феврали соли ҷорӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ барои кормандоне, ки ба тозагӣ шомили ин ниҳод гардидаанд ба роҳ монда шуд.

Мақсад аз фаро гирифтан ба машғулият мукаммал гардонидани сатҳи донишу малакаи тахассусии кормандони мақомоти гумрук буда, дар ин давраи омӯзишӣ 18 нафар кормандони мақомот аз дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзудо ширкат варзиданд.

 

Зимни баргузории машғулиятҳо ба онҳо тарзи дурусти истифодабарии дастгоҳи компютерӣ, дастгоҳи рентгении Rapiskan, Портали монитори радиатсионӣ ва фулузотҷӯяк (металодетектор) омӯзонида шуд.

Ҳамчунин, аз рӯи барномаи таълимӣ шунавандагон бо Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмуриӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятиӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мафҳум ва моҳияти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ошноӣ пайдо карданд.

 

Таърихи ташакул ва рушди мақомоти гумрук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои асосии мақомоти гумрук, ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони мақомоти гумрук, барасмиятдарории мол ва воситаҳои нақлиёт, мафҳум ва шаклҳои назорати гумрукӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ, низомҳои гумрукӣ ва доираи истифодабарии онҳо, усулҳои муайян намудани арзиши гумрукии мол, тартиби саффорои (қадамзанӣ), муайян кардани рамзи мол ва кишвари истеҳсоли мол ва омӯзиши воситаҳои техникии назорати гумрукӣ аз мавзӯъҳое маҳсуб меёфтанд, ки зимни таълим додан ба гумрукчиён дар ин хусус маълумот дода шуд.

Дар баробари ин, шунавандагон бо тартиби дурусти назорат ва барасмиятдарориӣ гумрукиӣ молу воситаҳои нақлиёт аз ҷумла, ҷараёни воридоти молҳо ба минтақаҳои назорати гумруки тавассути воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, қоидаҳои гузаронидани шаклҳои назорати гумрукӣ, тартиби пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва интиқоли он ба портали иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷии СИАЯ ва аз тарафи масъулини самти барасмиятдарории гумруки қабул намудани декларатсияи бори гумрукӣ ошно гардиданд.

 

Ба таълимгирандагон ба ҷуз устодони донишкада, инчунин мутахассисон ва коршиносони АВВАТ, Агентии амнияти ядрои ва радиатсионӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот низ дарс гуфтанд.

Дарсҳои назариявӣ дар худи Донишкадаи такмили ихтисос баргузор шуда, рафти амалиявии таълим дар СИАЯ (Системаи иттилоотии автомотикунонидашудаи ягона)-и Хадамоти гумрук, Дидбонгоҳи гумрукии «Айнӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи такмили ихтисос гузаронида шуда, ба шунавандагон тартиби истифодабарии дастгоҳи ренгении «Рапискан» дар тарҳ (макет)-и майдони ҳавоӣ ва дигар таҷҳизотҳои дастаи СТ-30 нишон доданд.

Дар фарҷоми курси омӯзишӣ пас аз супоридани имтиҳонҳо ба кормандони мақомоти гумрук шаҳодатнома супорида шуд.

   Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон