ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фармоиши Сардори Хадамоти гумрук аз «28» январи соли 2021, №Ф-13

 ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ 

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


734025 ш. Душанбе, к. Бухоро -50/1 тел: 221-22-35; 221-16-92; факс: 221-46-30 www.customs.tj / customs@tojikiston.com 


 

ФАРМОИШ

аз «28» январи соли 2021               №Ф-13                                         ш. Душанбе

 

Дар бораи Тартиби гузоштани воситаҳои ҳаммонандсозӣ ба моли дар
мағозаҳои савдои бебоҷ фурӯхташаванда

260.050.000.

Мутобиқи қисми 4 моддаи 258 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 11 Низомномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №612 тасдиқ шудааст,

 

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

 

1. Тартиби гузоштани воситаҳои ҳаммонандсозӣ ба моли дар мағозаҳои савдои бебоҷ фурӯхташаванда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Барасмиятдарории гумрукии машруботи спиртдор, тамоку ва маҳсулоти тамоку таҳти низоми гумрукии мағозаи савдои бебоҷ бидуни навиштаҷоти "Танҳо барои фурӯш дар мағозаи савдои бебоҷ" бо забони давлатӣ ё матни ҳаммаъно бо забони англисӣ анҷом дода нашавад.

3. Раёсати таъмини ҳуқуқӣ фармоиши мазкурро ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намояд.

4. Шуъбаи иттилоотӣ интишори расмии фармоиши мазкурро баъд аз бақайдгирии давлатӣ таъмин намояд.

5. Раёсати ташкилию бозрасӣ фармоиши мазкурро ба маълумоти мақомоти гумрук расонад.

6. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

7. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

 

Сардор                                                                        Каримзода Хуршед Абдураҳмон

            

Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳти феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии
ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи №1066 аз 26
марти соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

 

 

Тасдиқ шудааст,
бо фармоиши Хадамоти гумруки назди
Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон
аз «28» января соли 2021, №Ф-13

Тартиби гузоштани воситаҳои ҳаммонандсозӣ ба моли
дар мағозаҳои савдои бебоҷ фурӯхташаванда

1. Тартиби мазкур бо мақсади иҷрои талаботи кисми 4 моддаи 258 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани шакл, андоза ва тартиби гузоштани часпакҳои иловагӣ (стикерҳо) (минбаъд -часпак) дар маҳсулоти машруботӣ, тамоку ва маҳсулоти тамокуи ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва ё дар ин ҳудуд истеҳсолшуда, ки бо тамғаҳои аксизӣ ё тамғаҳои махсус ҳаммонанд карда мешаванд (минбаъд - молҳо) ва дар мағозаҳои савдои бебоҷ фурӯхта мешаванд, таҳия шудааст.

2. Часпак метавонад шакли дилхоҳро дошта бошад, масоҳати часпак бояд на камтар аз 200 мм мураббаъро ташкил намояд.

3. Часпак бояд дорои навиштаҷоти "Танҳо барои фурӯш дар мағозаи савдои бебоҷ" бо забони давлатӣ ё чунин навиштаҷотро бо забони англисӣ дошта бошад. Ба болои часпак гузоштани ягон хел ҷузъҳои бастабандӣ, ки рӯи онро мепӯшонад, иҷозат дода намешавад. Навиштаҷот дар часпак бояд тавре дарҷ карда шавад, ки нест (нобуд) кардани онро ғайриимкон созад.

4. Часпонидани часпак дар молҳо то ҷойгиркунии онҳо таҳти низоми гумрукии мағозаи савдои бебоҷ анҷом дода мешавад.

5. Часпак ба тамғакоғазҳо – этикетка, тамғакоғазҳои муқобил- контрэтикетка (барои машруботи спиртдор) ва бастаҳо (барои тамоку ва маҳсулоти тамоку) бояд тавре часпонида шавад, ки онро бе вайрон кардани тамғакоғазҳо, тамғакоғазҳои муқобил ва бастаҳо нест (нобуд) кардан ғайриимкон гардад. Дар сурати набудани тамғакоғазҳо ва тамғакоғазҳои муқобил (барои машруботи спиртдор) часпак ба шиша бевосита дар ҷойҳое, ки одатан тамғакоғазҳо ва тамғакоғазҳои муқобил ҷойгиранд часпонида мешавад. Дар шишаҳои ғайристандартӣ часпакҳо дар ҷойҳое часпонида мешаванд, ки он барои назорат мувофиқ буда, ба ҳаммонандсозии дақиқи молҳои барои мағозаҳои савдои бебоҷ пешбинишуда имконият фароҳам меорад. Барои маҳсулоти тамоку часпак ба ҳар воҳиди маҳсулот ва бастаи он часпонида шуда, то лаҳзаи истеъмол аз мол ҷудо намегардад ва бо он мол барои фурӯши чакана пешниҳод мешавад.

6. Ишораи дар банди 3 Тартиби мазкур пешбинишуда бояд дар ҳар як воҳиди мол ва бастабандии он, ки аз мол то лаҳзаи истеъмол ҷудонашаванда мебошад ва молҳои барои фурӯши чакана пешниҳодшуда ҷой дошта бошад. Ишора бо роҳи типографӣ ё бо ёрии часпакҳои иловагӣ (стикер) гузошта мешавад.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: