Print

Фармоиши Сардори Хадамоти гумрук аз «28» январи соли 2021, №Ф-12

Аз Муаллиф Қисмат: Хабарҳо Hits: 860

 ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ 

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


734025 ш. Душанбе, к. Бухоро -50/1 тел: 221-22-35; 221-16-92; факс: 221-46-30 www.customs.tj / customs@tojikiston.com 


 

ФАРМОИШ

аз «28» январи соли 2021               №Ф-12                                         ш. Душанбе

 

Дар бораи Рӯйхати маълумоте, ки ҳангоми декларатсиякунонии захираҳо
дар декларатсияи гумрукӣ дарҷ карда мешавад

260.050.000.

Мутобиқи қисми 5 моддаи 287 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 11 Низомномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №612 тасдиқ шудааст,

 

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Рӯйхати маълумоте, ки ҳангоми декларатсиякунонии захираҳо дар декларатсияи гумрукӣ дарҷ карда мешавад, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Раёсати таъмини ҳуқуқӣ фармоиши мазкурро ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намояд. 3. Шуъбаи иттилоотӣ интишори расмии фармоиши мазкурро баъд аз бақайдгирии давлатӣ таъмин намояд.

4. Раёсати ташкилию бозрасӣ фармоиши мазкурро ба маълумоти мақомоти гумрук расонад.

5. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

6. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми сардор – сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

Сардор                                                                  Каримзода Хуршед Абдураҳмон

Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳти феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии
ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи №1065 аз 26
марти соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

 

 

 

Тасдиқ шудааст,
бо фармоиши Хадамоти гумруки назди
Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон
аз «28» январи соли 2021, №Ф-12

Рӯйхати маълумоте, ки ҳангоми декларатсиякунонии захираҳо дар
декларатсияи гумрукӣ дарҷ карда мешавад

1.Маълумот оид ба шахсони ба ҳайси ирсолкунанда ва (ё) қабулкунандаи захираҳо дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (интиқолдиҳада), тиҷоратӣ ва (ё) дигар хуҷҷатҳо дарҷгашта, ки мутобиқи онҳо интиқоли ин захираҳо оғоз гардидааст (оғоз мегардад) ва (ё) ба анҷом расидааст (ба анҷом расида истодааст):

- номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ;

- маҳалли ҷойгиршавӣ ё ҷои истиқомат - номи кӯтоҳи кишвар мутобиқи таснифоти кишварҳои ҷаҳон, воҳиди маъмурию ҳудудӣ, шаҳрак, кӯча, рақами хона (бино), квартира (утоқ, утоқи корӣ).

2.Маълумот оид ба декларант:

- агар декларант шахси ҳуқуқӣ бошад - номе, ки дорои нишондоди шакли ташкилию ҳуқуқии он (номи мухтасар, агар чунин номи кӯтоҳ бо ҳуҷҷати таъсисӣ пешбинӣ шуда бошад) ва маҳалли ҷойгиршавии шахс (суроға). Агар аз номи шахси ҳуқуқӣ воҳиди алоҳидаи он баромад кунад, пас илова ба маълумоти дар боло дарҷшуда оид ба шахси ҳуқуқӣ, маълумот дар бораи воҳиди алоҳида ва маҳалли ҷойгиршавии он нишон дода мешавад;

- агар декларант шахси воқеӣ бошад - насаб, ном, номи падар, инчунин суроғаи маҳалли зист ё бақайдгирии доимии шахс (аз ҷумла шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст);

- рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), ки мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шудааст.

3. Маълумот оид ба боркашон:

- номи шахс;

- маҳалли ҷойгиршавӣ - номи кӯтоҳи кишвар мутобиқи таснифоти кишварҳои ҷаҳон, воҳиди маъмурию ҳудудӣ, шаҳрак, кӯча, рақами хона (бино), квартира (утоқ, утоқи корӣ).

4. Маълумот дар бораи воситаи нақлиёт:

- рамзи ду аломати намуди воситаи нақлиёт мутобиқи таснифоти намудҳои воситаҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли мол;

- рақами бақайдгирӣ;

- рақами хати сайри парвоз - ҳангоми интиқоли захираҳо тавассути ҳавопаймо;

- номи киштӣ - ҳангоми интиқол додани захираҳо бо нақлиёти дарёӣ;

- рақами қатора - ҳангоми интиқоли захираҳо тавассути роҳи оҳан;

- номи кӯтоҳи кишвар мутобиқи таснифоти кишварҳои ҷаҳон, ки дар он воситаи нақлиётии интиқолдиҳандаи захираҳо ҳангоми интиқол тариқи нақлиёти ҳавоӣ ё дарёӣ, ба қайд гирифта шудааст.

5. Маълумот дар бораи масири (маршрути) воситаи нақлиёт - нуқта ва кишвари таъинот.

6. Маълумот дар бораи захираҳо:

- номгӯй (савдоӣ, тиҷоратӣ ё дигар номгӯи маъмулӣ);

- миқдор, хусусиятҳо ва параметрҳо дар воҳидҳои ченаки асосӣ, иловагӣ ва (ё) дигар воҳидҳои ченак;

- рамзи моли мувофиқи Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (НМ ФИХ ҶТ);

- арзиш.

7. Маълумот дар бораи шумораи ҷойи нишасти мусофирони воситаи нақлиёти байналмилалӣ ва шумораи аъзои экипаж.

8. Маълумот дар бораи брокери гумрукӣ (дар ҳолате, ки декларатсияи гумрукиро намояндаи гумрук аз ном ва ё бо супориши декларант пешниҳод менамояд):

- номи кӯтоҳи ширкат;

- рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дохил намудани шахс ба Феҳристи брокерони гумрукӣ;

- сана ва рақами шартномаи байни брокери гумрукӣ ва декларант.

9. Маълумот дар бораи шахсе, ки декларатсияи гумрукиро тартиб додааст ва ба мақоми гумрук пешниҳод мекунад - насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, рақам ва санаи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ӯ.