Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд барои кормандони Раёсат — гумрукчиён китобхона таъсис дода шуд. Ин тадбир дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешида шудааст.
Китобхона бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии кормандон бо кумаку дастгирии бевоситаи сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд Баҳром Исматуллозода таъсис дода шудааст.
Китобхонаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дорои адабиёти гуногун- илмӣ-оммавӣ, бадеӣ, адабиёти ҷаҳон, ҳуқуқ, адабиёти классикони форс-тоҷик, муосир ва рӯзномаю маҷаллаҳо мебошад. Дар рафу ҷевонҳои китобхона китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин адабиёти гуногун бо забонҳои хориҷӣ ва бо ҳуруфоти ниёгон чоп гардида, дар маҷмӯъ беш аз ҳазор нусха китоб ҷойгир кунонида шудааст.
Мақомоти гумруки кишвар тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Турсунзода ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ китохонаҳо таъсис диҳад.
Ифтитоҳи китобхона дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат бори дигар ба китоб, китобхонӣ ва китобхонаҳо баҳои баланд дода, гуфтанд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок намудани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суҳанрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ намуда, ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад».
Ҳамзамон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон –Ватани ман» миёни таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ –миёна, муассисаҳои олӣ доир шуда, тавассути онҳо хонандагон ба китобу китобхонӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин росто, масъулинро муваззаф сохтанд, ки минбаъд фаъолияти хуби китобхонаҳоро дар мақомот, ташкилот, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот таҳти назорат гирифта, китобхона бунёд созанд ва онҳоро бо китобҳои бадеӣ ва дигар адабиёт, инчунин осори адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин созанд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон