ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар талоши таъмини амнияти иқтисодӣ

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти гумрук, ки бо санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ муқаррар гаштаанду ба такмили маъмуригардонии гумрук равона шудаанд, тадбирҳои амалӣ андешида, корҳои муайянеро анҷом дод.

  

Мувофиқи нишондодҳои маълумоти омори гумрукӣ дар соли 2020 дар воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук гардиши мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4 450,8 млн. доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,0 млн. доллар зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии гардиши мол 3 083,1 млн. доллар ба воридоти мол бе назардошти ёрии башардӯстона ва 1 311,3 млн. доллар ба содироти мол бе назардошти ёрии башардӯстона рост омада, мутаносибан воридот ба маблағи 191,1 млн. доллари ИМА ё ба андозаи 5,8% коҳиш ёфта, содирот ба маблағи 196,0 млн.доллари ИМА ё 17,6% афзоиш ёфтааст. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот ба 69,3% ва содирот ба 29,5% баробар буда, воридоту содироти ёрии башардӯстона 1,2%-ро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 108 мам- лакати ҷаҳон амалиёти содиротию воридотӣ ба анҷом расонида шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ ва дар ин замина таъмини иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ аз фаъолияти муназзами дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ, ки тавассути онҳо интиқоли молу воситаҳои нақлиёт сурат мегирад, вобастагӣ доранд.

Паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус “COVID-19” дар ҷаҳон ба фаъолияти ин дидбонгоҳҳо, аз ҷумла гузар- гоҳҳои дорои мақоми байналмилалӣ низ бетаъсир намонд.

 Гузаргоҳи сарҳадии “Қулма-Қарасу”, ки асосан тавассути он молу маҳсулоти ниёзи мардум аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид мегардад, дар 12 моҳи соли 2020 ҳамагӣ шаш моҳ фаъолият намуда, давоми шаш моҳи дигар фаъолият накардааст. Интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути ин гузаргоҳ санаи 1 ноябри соли 2020 аз ҷониби кишвари ҳамсоя ба пуррагӣ боздошт шуда, ҳанӯз барқарор нагардидааст. 

Ба ҳамин монанд, давоми соли 2020, гумрукҳои “Майдони ҳавоӣ”, инчунин, дидбонгоҳҳои гумрукии “Саразм”, “Уротеппа”, “Патар”, “Равот”, “Ҳаштяк”, “Навбунёд”, “Зафаробод”, “Овчӣ Қалъача”, “Хаватоғ”, “Айвоҷ”, “Панҷи Поён”, “Пахтаобод”, “Ҳисор” ва дидбонгоҳҳои наздисарҳадии ВМКБ қисман фаъолият кардаанд. Кушода шудани гумруку дидбонгоҳҳои гумрукии мазкур ва ба фаъоли- яти муқаррарӣ баргаштани онҳо бошад, номуайян боқӣ мемонад. 

Мутаносибан, вобаста ба таъсири буҳрони иҷтимоию иқтисодии ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи зуҳур кардани бемории “COVID-19” ба миён омадааст, воридоти мол аз хориҷи кишвар коҳиш ёфтааст. 

Дар баробари ин, қисмати бештари молҳои воридшуда мустақиман ба татбиқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ вобастагӣ дорад. Имтиёзҳои пешниҳодшуда бошанд, бо мақсади беҳтар кардани фазои сармоягузории кишвар, татбиқи лоиҳаҳои сар- моягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, ҳамчунин, бо таҷҳизоти истеҳсолию технологии муосир муҷаҳҳаз намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, даст кашидан аз автомашинаҳои куҳна ва нав кардани парки автомобилӣ, сохтмони объектҳои муҳим ва ғайра равона шудаанд, ки яке аз воситаҳои ҷалби сармоя ва рушди иқтисодиёт мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 97 номгӯи молу маҳсулот ворид карда шудааст.

 Бояд дарҷ намуд, ки дар натиҷаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани тадбирҳо ҷиҳати саноатикунонии соҳаҳои истеҳсолӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, истеҳсоли як қатор молҳо, аз ҷумла гӯшти мурғ, тухми паранда, маҳсулоти ширӣ, ҳасибҳо, маҳсулоти қаннодии какаодор ва ғайра дар дохили ҷумҳурӣ рушд карда, воридоти ин навъи молҳо аз хориҷи кишвар давра ба давра коҳиш ёфта истодааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: