Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гардид, воқеан, як рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷомеаи кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун барномаи амал дониста мешавад.
Пешвои миллат масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро бо такя ба асноди саҳеҳу муътамад мавриди таҳлили амиқ қарор дода, таъкид бар он доштанд, ки “Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди “сабз” тақвияти бештар бахшад. Яъне дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем”.
Сарвари давлат оид ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, сухан ронда, таъкид бар он доштанд, ки “Мо бояд ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.
Ҳамчунин, дар Паёми мазкур ба масъалаи амнияту субот дар кишвар таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир карда шуд, зеро пешгирии шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир, шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд.
Ин нуктаро мавриди баррасӣ қарор дода, Сарвари давлат зикр намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳад, махсусан, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон диққати аввалиндараҷа дода, барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Хотирнишон месозам, ки ин тадбирҳо на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои кишвари мо, балки ба оромиву суботи кишварҳои дуру наздик, бахусус, кишварҳои минтақа низ мусоидат менамоянд”.
Ҳифзи марзу бум вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Доир ба ин масъалаи Пешвои миллат чунин ибрози ақида намуданд: “Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати ҳимояи устувори сарҳади давлатӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваста чораҷӯӣ карда, назоратро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намояд”.
Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем.
Нуктаи дигаре, ки Сарвари давлат ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад, ки он яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, Пешвои миллат роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки “Фаъолияти худро оид ба ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус, ҷиҳати ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ густариш дода, минбаъд барасмиятдарории фаъолияти сармоягузориро тавассути пурра ҷорӣ намудани низоми электрониву рақамӣ амалӣ созанд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониро ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монанд”.
Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, барои гузаштан ба ин раванд ва тақвияти соҳаи рақамикунонӣ Президенти мамлакат ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки: “Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ”, доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд”.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии корбарии минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар аст, таъкид гардидааст, ки ҳадафи аслии мо - расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Аз ин рӯ, мо вазифадорем барои дар амал татбиқ намудани нуктаҳои аосии он саҳмгузор бошем ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас истиқбол намоем.