Наврӯз ҳамчун қадимтарин ҷашни то ба имрӯз боқимонда моҳи сентябри соли 2009 ба феҳрасти осори фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО шомил гардид ва дар нимаи дуюми моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи 64- уми Анҷумани кулли СММ 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд.
Дар тӯли таърих Наврӯз ҳамеша ба унвони ҷашни муттаҳидкунанда ва бидуни вобастагиҳои нажодӣ, забонӣ ва динӣ матраҳ гардида, рӯзи миллӣ ва ҷашни ҳамаи онҳоест, ки таъриху фарҳанги муштарак доранд. Аз он ҷумла, рӯзи миллӣ ва ҷашни тоҷикон, афғонҳо, курдҳо ва сокинони сарзаминҳое, ки дар тӯли қарнҳо бо номҳои гуногун шоҳаншоҳии Эрон ё худ Хуросони Бузургро ташкил додаанд.
Дар баробари ин, дар тӯли таърихи дуру дароз Наврӯз рӯзи миллии ҳамаи мардумоне гардидааст, ки аз кӯҳҳои Помири Бадахшон то интиҳои кӯҳҳои Курдистони Сурия ва аз Қафқоз, то рӯди Синд ва минтақаҳои Халиҷи Форс сукунат доранд.
Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Аз ҷумла, Афғонистон — 21 март, Эрон — аз 20 то 23 март, Озарбойҷон — аз 20 то 26 март, Қазоқистон — аз 21 то 24 март, Туркманистон — аз 20 то 23 март, Қирғизистон ва Ӯзбекистон — 21 март, Албания (Рӯзи Баҳор) — аз 20 то 23 март ва Косово — 21 март рӯзҳои истироҳат аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, рӯзҳои 21-24-уми март Иди байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар кадоме аз миллатҳои мухталифи дар ин иқлимҳо сукунатдошта маросими хоси худро барои ҷашн гирифтани Наврӯз дошта, сарфи назар аз ин, ҳамаи онҳо ин ҷашнро бо забони соҳибони аслиаш “Наврӯз” меноманд ва фаро расидани онро ҳамчун рӯзи аввали баҳор мешиносанд.
Наврӯз танҳо муаррифии як рӯз дар тақвим нест, балки фарҳанги амиқ ва решадор аст, ки бо тамоми одоб ва суннати худ ҳамасола умеду шодмониро барои инсонҳо дар саросари кураи Замин ба армуғон меоварад. Наврӯз арзишҳои инсониро ҳифз ва мунтақил сохтааст.
Манотиқе, ки дар он ҷашни Наврӯз бо сабкҳо ва шаклҳои гуногун баргузор мешаванд, танҳо бо чанд кишвари минтақа маҳдуд намешавад. Наврӯзро дар Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёна, Қафқоз, нимҷазираи Балкан, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва нуқтаҳои дигари ҷаҳон гиромӣ медоранд. Боиси хушнудист, ки дар таърихи 30 моҳи марти соли 2010 Порлумони федералии Канада аввалин рӯзи баҳори сол – 21-уми мартро бо унвони Наврӯз номгузорӣ кард. Акнун дар ин мамлакат минбаъд ҳамасола иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
Ҷуғрофияи фарогирии иди Наврӯз дар Шарқу Ғарб ва Ҷанубу Шимоли курраи Замин то чанде васеътар доман паҳн мекунад ва он вақт дур нест, ки Наврӯз аз ҷумлаи идҳои дӯстдоштатарини мардуми сайёра хоҳад шуд.
Яке аз нишонаҳои гуворотарин ва башардӯсттарин аз тамаддуни мардуми тоҷику форс, ки Наврӯз мебошад, имрӯз беш аз пеш ба рӯзгори мардуми ҷаҳон ворид гардида, чун дар ҳазорсолаҳои қаблӣ нақши муттаҳидсозӣ, таҳкими дӯстию бародарӣ ва ҳамбастагии ҷомеаю табиатро иҷро хоҳад кард.