Як гурӯҳ аз мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук курси такмили дараҷаи тахассусиро гузаштанд. Курси омӯзишӣ аз 18 то 22 январ баргузор шуда, ба онҳо омӯзгорони ботаҷрибаи Донишкада дарс гуфтанд.
Ба омӯзиш мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ аз ширкатҳои брокерони гумрукии Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Хизмат-М”, “ТЭК Фирдавс”, “Осиёи хизматрасон”, “Трайд”, “ТБ Сервис”, “Терминали Дустӣ”, “Анкуф” ва “Иқдом” фаро гирифта шуданд. Ба онҳо оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019, омӯзиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, барномаи миёнамуҳлати рӯшди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва ташкили фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, декларатсияи гумрукии мол, асосҳои батанзимдарории давлатии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулият гузаронда шуд.
Дар баробари ин, ба онҳо вобаста ба муқаррароти умумӣ оид ба низомҳои гумрукӣ, муқаррароти умумӣ оид ба пардохтҳои гумрукӣ, шакл ва тартиби гузаронидани назорати гумрукӣ, муайян намудани арзиши гумрукии мол, мафҳум, моҳият ва мақсадҳои фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрук, пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ, брокерони гумрукӣ, низомҳои гумрукӣ ва доираи истифодабарии онҳо, мафҳум ва зарурияти татбиқи СИАЯ ва «Равзанаи ягона» дар мақомоти гумрук, батанзимдарории тарифию гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгӯи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва системаи идоракунии таваккал маълумоти дақиқу муфассал дода шуд.
Ҳамчунин, шунавандагон ҷиҳати дуруст ҳисоб намудани пардохтҳои гумрукӣ ва дастрасии маълумотҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ, аз истифодабарии имкониятҳои дар Портали иттилоотию маълумотии СИАЯ (Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона) мавҷудбуда ва тартиби истифодабарии сомонаи Хадамоти гумрук бархурдор гардиданд. Тарзи назорати шакли электронии декларатсияи бори гумрукӣ дар Портали иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷии СИАЯ низ яке аз мавзӯъҳое маҳсуб меёфт, ки дар доираи ҷадвали баргузории дарсҳо ба онҳо фаҳмонида шуд, ки чӣ гуна метавонанд рафти қабули декларатсияи бори гумрукиро дар СИАЯ мушоҳида намоянд.
Пас аз ҷамъбасти машғулиятҳо барои пурра аз худ намудани барномаи таълимӣ, ба шунавандагони курс сертификат супорида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон