ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯнамоии тафсири Кодекси гумрук

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе чорабинӣ дар робита ба муаррифии тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур мовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлаталӣ Саид, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва дигар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, бахши хусусӣ ва ВАО ширкат варзиданд.

 

Чорабиниро сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Каримзода ифтитоҳ бахшида, гуфт, дар тафсири муаррифишаванда шарҳи муфассали илмӣ-амалии модда ба моддаи Кодекс оварда шуда, муаллифон ва муҳаррирон кӯшиш намудаанд, то меъёрҳои онро дар робита бо талаботи қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тавзеҳ диҳанд.

-Маблағгузории таҳияи тафсири мазкур, дар доираи имкониятҳои ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, асосан бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон анҷом дода шуда, дар ин самт маблағҳо аз суратҳисоби махсуси Хадамоти гумрук қисман равона гардиданд. Аз ин рӯ, миннатдории самимии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шарикони рушд, муаллифон ва муҳаррирони тафсир барои ҳамкории судманд ва саҳми назаррас дар амалисозии ин дастоварди нав, баён менамоям, - иброз дошт дар охири суханронии худ Х. Каримзода.

 

Сипас, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид баромад намуда, иброз дошт, ки ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дорад, 23 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст ва дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои қабулшуда қариб 100 номгӯи имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва соҳаи хизматрасонӣ равона карда шудаанд.

-Итминон дорам, ки тафсири муаррифишавандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи амалисозии чорабиниҳои Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ таҳия шудааст, дастрасии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба муҳтавои меъёрҳои қонунгузории гумруки ҷумҳурӣ васеъ намуда, ба беҳтар гардидани фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии мақомоти гумрук ва ташаккул додани низоми шаффофи савдои хориҷии кишвар мусоидат менамояд, - қайд кард Д. Саид.

Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ муҳаррири матни тоҷикии тафсири Кодекси гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук, Неъматҷон Раҳматов, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ ва яке аз муаллифони тафсири Кодекси гумрук, профессор Раҷаб Раҷабов суханронӣ намуданд. Дар ин росто, баромади намояндагон аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон шунида шуд, ки нашри тафсири Кодекс бо дастгирии молиявии ин ду ширкат анҷом дода шудааст.

 

 

 

 

 

 

Ин таҷрибаи нахустини шарҳи қонунгузории гумрукӣ ба ҳисоб рафта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст. Мақсад аз он амалисозии Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва татбиқи ҳадафҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 мебошад. Ҷиҳати таҳияи он дар назди Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби доираи васеи олимону мутахассисони соҳаҳои ҳуқуқшиносиву иқтисод аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорат, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва мақомоти гумрук гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

 

 

 

Баъд аз баррасиву шарҳу тавзеҳи гурӯҳи корӣ моҳи октябри соли ҷорӣ тафсири Кодекси гумрук бо назардошти тағйиру иловаҳо аз 2 январи соли 2020 бо забони давлатӣ ба табъ расид. Ҳамчунин, бо ташаббуси Хадамоти гумрук ба хотири огаҳӣ пайдо намудани доираи васеи хонандагон ва дастрасӣ доштани шарикони хориҷии кишвар бо муҳтавои қонунгузории гумруки ҷумҳуриамон тафсири мазкур бо забони русӣ низ нашр шуд.

 

Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ буда, тафсири зикршуда ба хотири дурусту дақиқ огоҳ шудани кормандони мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва гурӯҳи фарохи хонандагон аз мазмуну муҳтавои муқаррароти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба он алоқаманд, кумак хоҳад кард.

  

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: