ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Масъалаи беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи ТИК дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон баррасӣ шуд

14 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи дуюми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарон, масъулини вазорату идораҳои марбута ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои омодасозии лоиҳаи таҳлил ва тавсияҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК), инчунин таҳлили вазъи соҳаи саноат ва муайян намудани имконоти нави баланд ба рдоштани иқтидорҳои соҳа баррасӣ гардиданд.

 

Муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид изҳор намуд, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, истифодаи васеъи он дар шароити паҳншавии пандемияи COVID-19 боз ҳам муҳимтар мегардад. Давлаталӣ Саид зикр кард, ки дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръати мамлакат, омӯзиши вазъи саноат ва муайян кардани имконоти нави баланд бардоштани иқтидори соҳа, аз ҷумла, соҳаи саноати сабук, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати маъдан ва дар ин замина рушди истеҳсолоти миллӣ, коҳиш додани вобастагии иқтисоди миллӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ, таъмини шароит барои рушди истеҳсолоти дохилӣ то ба маҳсулоти истеъмолӣ расонидани захираҳои дохилӣ - ашёи хоми мавҷуда хеле муҳим аст.

 

Дар ҷаласа доир ба масъалаҳои баррасишуда муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Илҳом Атоев, роҳбари Шӯрои ҳамоҳансозии шаркиони рушд, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Як Питер Олтерс, ҳамоҳансози доимии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, директори муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» Дилшод Ҷӯразода, муассис ва раиси «Алиф Бонк» Абдулло Қурбонов, намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯро, роҳбари «Комбинати шири Кӯлоб» Бозоралӣ Одина ва дигарон сухан карданд.

 

Баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар ҳолест, ки 14 октябр дар Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад.

Бояд гуфт, ки шаш сол муқаддам, 14 октябри соли 2014 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо соҳибкорону сармоягузорон бо мақсаи руши соҳибкорӣ дар мамлакат пешниҳод намуда буданд, ки ҳамасола дар мамлакат 14 октябр Рӯзи соҳибкорон таҷлил гардад. Соли равон бо сабаби паҳншавии пандемияи COVID-19 чорабиниҳо дар иртибот ба таҷлили Рӯзи соҳибкорон дар мамлакат маҳдуд гардидаанд.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: